sebiston july new
4 хушбӯие, ки дар мубориза бо зуком ёрӣ мерасонанд
832

Маъмулан хушбӯиҳоро танҳо барои накҳати хушашон дӯст медоранд, вале дар баробари ин, онҳо барои саломатии инсон низ фоида доранд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи манфиати хушбӯиҳо дар мубориза бо зуком маълумот медиҳем.

Занҷабил (имбир) чӣ фоида дорад?

Дар Ҳиндустони қадим занҷабил (имбир) яке аз доруҳои хеле муфиде ба ҳисоб мерафт, ки як намуд энергияи махсуси шифобахш дорад. Дертар исбот шуд, ки дар ҳақиқат имбир баданро аз дарун гарм карда, дар мубориза бо вирусу микробҳо ёрӣ мерасонад ва барои бартараф кардани беморӣ кӯмак мекунад. Он иммуностимулятори беҳтарин буда, қувваи муҳофизитаии организм, яъне иммунитетро баланд мебардорад. Имбир хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, спазмолитикӣ ва бедардсозанда дошта, ба чандин дард даво гашта метавонад.


1. Барои гарм кардани пойҳои худ дар фасли зимистон шумо метавонед занҷабили хушкро ба ҷӯробҳоятон гузоред.

2. Ҳангоми сулфаи тар шири гарм бо занҷабил (1/3 қошуқ) кӯмак мекунад. Барои сулфаи хушк ва бронхит, шумо бояд шарбати занҷабили тару тозаро бо шарбати лимӯ омехта кунед ва ба он каме асал илова намуда нӯшед.

3. Барои тоза кардани роҳҳои нафас 1-2 қатра равғани эфирии занҷабилро ба оби гарм андохта, буғи онро муддати 5-7 дақиқа нафас кашидан лозим аст.

Мехчагул-давои ангина

Боз як давои дигари муфид дар мубориза бо зуком ин мехчагул аст. Баргҳои хушкардашудаи мехчагул дар рӯзҳои сарди зимистон шуморо аз бисёр бемориҳо эмин дошта метавонанд. Равғани мехчагул хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Он ҳамчун давои зиддимикробӣ, зиддивирусӣ, пешоброн ва бедардкунанда эътироф шудааст. Аз ҳамин сабаб дорусозон бештар маҳз равғани мехчагулро ба таркиби доруҳо ва малҳамҳои зиддиилтиҳобӣ илова менамоянд.

  1. Дар ҳолати ба зуком гирифтор шудан шумо метавонед барои кушода шудани бинӣ, тоза шудани роҳҳои нафас ва халосӣ аз сулфа аз равғани мехчагул истифода баред. Ҳамагӣ чанд қатра равғани мехчагулро ба зарфи оби ҷӯшидагӣ дошта андохта, буғи онро нафас кашед, ба зудӣ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
    2. Агар сулфаи хушк дошта бошед, метавонед баргҳои хушккардаи мехчагулро ба рӯйи оташ партофта, дуди онро нафас кашед.
    3. Ба шахсоне, ки ба ангина гирифтор шудаанд, маслиҳат дода мешавад, ки мехчагули хушкро кафмол карда, ба зарфе андозанд ва аз болояш як истакон шири ҷӯшомадагӣ рехта, чанд дақиқа нигоҳ доранду баъди ширгарм шуданаш онро нӯши ҷон созанд. Ширро дар даҳон муддате нигоҳ дошта, баъд фурӯ бурдан лозим. Ин давои муфид ба зудӣ шуморо аз дарди гулӯ раҳоӣ мебахшад.
    4. Барои халосӣ аз дарди сар ҳангоми шамолкашӣ ва зуком шумо метавонед баргҳои хушки мехчагулро бо каме оби гарм омехта намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои саратон гузоред ва бо рӯймоли пахтагин баста хоб равед.Тарбандиро 10 дақиқа нигоҳ доштан лозим аст.                                                                                                                                                 Дорчин-аҷали бактерияҳо                                                                     Давои дигари муфид барои табобати зуком ин дорчин мебошад. Дорчин (корица) таъсири пурқуввати бактериявӣ дорад. Ваннаи гарм бо якчанд қошуқи дорчин беҳтарин доруи пешгирикунанда барои зуком аст, зеро он ба зудӣ бактерияҳоро несту нобуд месозад. Агар дар як рӯз се маротиба як қошуқ асалро бо чоряк қошуқ дорчин омехта карда, нӯши ҷон созед, ба зудӣ аз сулфа, рафтани оби бинӣ ва дигар аломатҳои зуком халос мешавед.
    Кардамон хӯред ва аз оби бинӣ халос шавед!
    Ҳангоми зуком чизе, ки беш аз ҳама касро асабонӣ месозад, рафтани оби бинӣ аст. Тасодуфан нест, ки йогҳои машҳур касалиҳои бар асари шамолкашӣ пайдошударо маҳз бо чойи кардамон табобат мекунанд. Кардамон касро ба зудӣ аз оби бинӣ халос мекунад. Он луоби зиёдатиро аз синусҳои бинӣ ва системаи бронхо-шуш хориҷ намуда, шахси ба зуком гирифтор шударо аз оби бинӣ ва сулфа раҳоӣ мебахшад.
    Умедворем, ки шумо аз давоҳои номбаршуда истифода бурда, саломатии худро дар фасли зимистон нигоҳ медоред.Бо мо бошед!
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД