Дар рӯзи аввали Соли нави 2024 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани се озмуни ҷумҳуриявӣ амрҳо ба имзо расонданд.
Тибқи ин амрҳо дар соли 2024 озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мегардад.
Вазорати молияи Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” 3,7 млн сомонӣ ба таври нақд ҷудо хоҳад кард.
Барои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4,5 млн сомонӣ ва барои “Илм – фурӯғи маърифат” беш 4 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Тибқи тағйироти низомнома акнун дар озмуни “Фурӯғи суҳи доноӣ китоб аст” ба ҷойи 1 Шоҳҷоиза якбора 4 нафар дар ҳар номинатсия ғолиб ва соҳиби Шоҳҷоиза гашта, ҳар кадом ба маблағи 70 000 сомонӣ мукофот мегиранд.