goodwell
4 донишҷӯ ва 3 хонандаи мактабро барои телефонбозӣ дар вақти дарс танбеҳ доданд
22.10.2026
Oila.tj
157

Кормандони милитсия 4 нафар донишҷӯён ва 3 хонандаи мактабро барои телефонбозӣ ва пахши мустақим дар вақти дарс танбеҳ додаанд.

Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, донишҷӯён Зоҳир Зайдуллозода, Масрур Соҳибназаров, Исроил Ниёзмадов, Исроил Саидов ва хонандагони мактаб Ш. З., А. Ш., С. Х. “тавассути телефонҳои мобилии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам пахши мустақим анҷом дода, ба раванди дарс халал мерасониданд”.

Аммо аз кадом донишгоҳ будани донишҷӯён ва хонандагони кадом мактаб будани онҳо зикр нагаштааст.

Гуфта мешавад, ки бархе аз ин ноболиғон барои зиёд кардани теъдоди обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои бадахлоқонаро нашр мекардаанд ва аз телефонҳои онҳо наворҳои ғайриахлоқиро пайдо кардаанд.

Бо ҷавонону ноболиғону волидонашон корҳои огоҳсозӣ гузаронида шуда, алайҳи волидайни наврасон барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90-и КҲМ парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Ин банди қонун аз ҷарима то 10 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД