Sebiston new 2024 october
36 ҳазор сомонӣ ҷарима месупорӣ ё 3 сол зиндон мешавӣ
369

Эҳтиром гузоштан ба рӯҳи гузаштагон ва тозаву озодаву обод нигоҳ доштани мазору оромгоҳҳо аз суннатҳои неки мардуми тоҷик аст. Касоне, ки ин анъанаро пушти по зада, ба мурдагон беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд ва лавҳаю санги рӯйи қабрҳоро мешикананд, сахт музоҷот шуда, то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима месупоранд ё ба муҳлати 3 сол равонаи зиндон мегарданд.

Тибқи тағйироте, ки парлумони кишвар ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова намуд, барои шикастани сангу лавҳаи рӯйи қабрҳо ва расонидани зарар ба қабристону оромгоҳҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, волидони кӯдаконе, ки ба санги болои қабрҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо насбшуда зарар мерасонанд, ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд, ки ин маблағ аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомониро ташкил медиҳад. Агар дар тӯли як сол ин амал дубора такрор ёбад, волидони кӯдак аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Ҷинояти мазкур аз ҷониби шахсони аз 18-сола боло содир карда шавад, то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд ё ба муҳлати 3 сол равонаи зиндон мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД