formula feb 2025
30-юми январ дар Хуҷанд Иди Сада ҷашн гирифта мешавад
27.01.2025
ОИЛА.ТҶ
195

30-юми январи соли 2025, соати 9:00 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, афзуд, ки сокинон ва меҳмонони маркази вилоят метавонанд ба идгоҳ омада, ниҳол, кӯчату тухмии зироатҳои кишоварзии барои худ заруриро харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Сада ҳамасола рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД