Ман Пиракова Назокат Амиршоевна, соли таваллудам 3-юми июли соли 1994. Зодаи ноҳияи Панҷ ҳастам, вале имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе бо ёду хаёли як шахси азиз - модарам рӯз мегузаронам.
Сӣ сол пеш, вақте ман ҳамагӣ ду сол доштаму ҳанӯз лаззати оғӯши гарми модарро сер начашида будам, падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд. Модари муштипарам Талбонова Ҷамила Худоиевна (19.07.1965) бо умеди ёфтани луқмаи ноне ва сохтани зиндагии нав ҳамроҳи дугонааш бо шиносномаи сурхи шуравӣ ба Русия сафар кард.
Дугонааш баргашт, вале аз модари ман дараке нашуд. Сӣ сол аст, ки чашмонам ба роҳ ва гӯшҳоям ба садои дар аст. Сӣ сол аст, ки калимаи Модарро танҳо дар сурудҳо мешунаваму дар орзуҳоям мегӯям.
Ман тамоми бойгониҳои ноҳияи Панҷро кофтукоб кардам: маълум шуд, ки модарам то ҳол шиносномаи тоҷикӣ нагирифтааст. Ин маънои онро дорад, ки ӯ шояд то ҳол бо ҳамон ҳуҷҷатҳои кӯҳна дар Русия бошад.
Нишонии охирини ӯ шаҳри Курган буд, вале дасти ман ба он ҷо намерасад.
Дар шабакаи СССР ТВ муроҷиат кардам, ки беш аз 100 ҳазор нафар диданд, вале дареғ, ки касе муждае наовард.
Имрӯз ба ман мегӯянд, ки наворҳоро пок кунам ва умедамро биканам. Вале магар мешавад аз ҷон умед канд? Магар мешавад модарро фаромӯш кард? Ман омодаам тамоми ҳастиямро фидо кунам, танҳо як бор овози ӯро шунавам ва бидонам, ки ӯ зинда аст.
Ман забони русиро хуб намедонам, то ба Сафоратхона ё мақомоти Русия мустақилона арз кунам. Аз ин рӯ, аз тамоми шахсони хайрхоҳ, мақомоти давлатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ илтиҷо дорам:
Эй боди сабо, паёми ман ба модарам расон,
Аз духтари пазмонаш ба ӯ хабар расон.
Агар касе дар шаҳри Курган ё гӯшаву канори Русия бошад, дар бораи Талбонова Ҷамила Худоиевна маълумоте дорад, хоҳиш мекунам, ба ман кумак кунед. Ин охирин умеди ман аст.
Бо эҳтиром, НАЗОКАТ