35 years of independency
30 сол қаҳрӣ (ҚИСМИ 4)
336

Ашк аз чашмони Лайло чун сел мерехт. Вуҷудаш меларзид. Ҳақиқати 30 сол пинҳонбуда чун бори сангин бар сараш афтод. Ӯ фаҳмид, ки ин 30 сол апааш Лоларо ҳамеша виҷдон азоб медод, вале ӯ бо кинаву адоват дили апаи бечораашро сиёҳ карда буд.

Лайло дигар тоқат накард. Бо гиряву нола ба сӯйи қабристон давид.
​Шаб фаро расида буд. Дар миёни хомӯшии қабристон, Лайло-хола худро бар рӯйи хоки нави апааш афканд. Ӯ хокро ба оғӯш мекашид, ба сару рӯяш хок мепошид ва бо овози дилхарош дод мезад:

- Апаҷон. Лолаҷон. Маро бубахш, апаҷон. Ман косаи заҳр будам, ман беақл будам. Маро бубахш, ғурури нозарур маро кушт.

Аммо аз зери хоки сард ҳеҷ овозе намеомад. Танҳо боди тирамоҳӣ варақаҳои дафтари хотираро дар дастони Лайло меҷунбонд.

Лайло-хола он шаб то саҳар дар сари қабри апааш гирист. Ӯ бахшиш пурсид, аммо хеле дер шуда буд. Кинаву адовати 30-сола ба охир расид, аммо ба ҷойи он доғи азиме дар дили Лайло монд.

Ҳар як дақиқаи ин 30 соли гузашта чун филми сиёҳе пеши чашмонаш мегузашт:

- Оҳ, апаҷон. Чанд бор ба хонаам омадӣ, нони идона овардӣ, ман онро бо заҳри кина ба худат баргардондам. Чанд бор занг задӣ, гӯширо бардоштан нахостам. Гӯшвораи тилоиро фиристодӣ, номаатро нахонда дар оташ сӯзондам. Эҳ апаи содаам, ту оташи ишқатро сӯзондӣ, то ман сӯхтани худамро набинам, аммо ман корде шудам дар синаи ту.

​Субҳдам, вақте писарони Лайло барои ҷустуҷӯи модарашон ба қабристон омаданд, диданд, ки Лайло дар рӯйи хоки Лола беҳуш хобидааст. Либосҳои сиёҳаш пур аз хок ва чеҳрааш аз ашки бисёр тағйир ёфта буд. Онҳо модарро ба оғӯш гирифта, ба хона оварданд, аммо Лайло дигар он Лайлои мағруру дилсанги пешина набуд. Ӯ дигар сукут мекард, ба як нуқта чашм медӯхт ва танҳо ашк мерехт.

​Баъди се рӯзи маъракаи тазия Лайло-хола ба ҳавлии Карим омад, ҳамон ҳавлие, ки 30 сол боз ба он ҷо қадам наниҳода буд.

​Карим дар айвони хона нишаста, ба кунҷе чашм дӯхта буд. Вақте симои Лайлоро дар даромадгоҳи ҳавлӣ дид, аз ҷояш бапо хест. Ду нафаре, ки рӯзе ошиқи шайдои якдигар буданд, акнун пас аз се даҳсола бо чеҳраҳои пур аз дард ва дилҳои шикаста ба ҳам нигоҳ карданд. Дар нигоҳи онҳо на ишқ монда буд ва на ҳавас, танҳо ҳасрату пушаймонии талх.

​Лайло-хола тамоми фарзандону набераҳои худ ва фарзандони Лоларо ба хонааш даъват кард. Ҳама дар гирди дастархон ҷамъ омаданд, фарзандоне, ки 30 сол боз бо ҳам ҳамчун бегона рафтор мекарданд ва ҳатто ба якдигар салом намедоданд.

​Лайло-хола гуфт:

- Фарзандонам, набераҳоям. 30 сол ман бо камоли беақлӣ ва кинаву адовати дохилӣ миёни шумо девори қаҳригӣ кашидам. Ман имрӯз пеши ҳамаи шумо ва пеши рӯҳи апаам пушаймонам. Маро бубахшед.

Лайло дастони Ҷамшед (писари Лола)-ро гирифта, ба дасти писари худаш дод:

- Аз ин рӯз сар карда, агар касе аз шумо ин риштаи хоҳариву бародариро бурад, оқи падару модар мешавад. Шумо фарзандони ду хоҳаред, ки як хун дар рагҳоятон ҷорӣ аст.

​Фарзандон якдигарро ба оғӯш кашида, гиристанд. Девори 30-солаи бегонагӣ дар як лаҳза афтод.

​Панҷ соли дигар гузашт. Лайло-хола дар ин панҷ сол ҳар ҷумъа ба зиёрати қабри апааш мерафт. Ӯ дигар ҳеҷ гоҳ либоси ранга напӯшид ва ҳамвора барои апааш дуо мекард.

​Дар санги сари гӯри апааш ин мисраҳоро навиштанд:

Аз кинаву адоват ҷуз ғаму армон намонд,

Умри азиз гузашту касе ҷовидон намонд.

Бубахшед ҳамдигарро, ки ин даҳри дурӯза

Ба касе ҷуз меҳру вафо боқӣ намонд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД