30 кӯдак пас аз истеъмоли шири Nutrilon бемор шудаанд
11.02.2026
Оила
25

30 кӯдак пас аз истеъмоли шири

Nutrilon бемор шудаанд

Волидони беш аз 30 тифли навзод дар Нидерландия аз он шикоят кардаанд, ки фарзандонашон пас аз истеъмоли шири Nutrilon беҳолу бемадор шудаанд. Тавре аз шабакаи телевизионии RTL хабар дод, ширкати Danone, ки истеҳсолкунандаи шири Nutrilon мебошад, ин шир ва боз 14 намуд ғизои кӯдаконаи худро аз рафи мағозаҳои Нидерландия бозпас мегирад.

Тахмин меравад, ки бад шудани ҳоли кӯдакон ба сатҳи баланди церулид, ки бактерияҳои Bacillus Cereus ба вуҷуд меоранд, алоқа дошта метавонад. Коршиносони NVWA қайд кардаанд, ки церулид метавонад боиси дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ ва дарунрави шадид гардад. Ин ҳолат хатари беобшавии организмро дар кӯдакон ба вуҷуд меорад. Токсинаи мазкур ба гармӣ устувор буда, ҳатто дар сурати бо оби ҷӯшон тайёр кардани шир низ боқӣ мемонад.

 Бо вуҷуди ин, қайд карда мешавад, ки робитаи мустақим байни бемории кӯдакон ва истеъмоли шир то ҳол муқаррар карда нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД