Хӯрдани ҳаққи мардум гуноҳи азим буда, худованд шахсонеро, ки бо макру фиреб пулу моли дигаронро аз худ мекунанд, лаънат кардааст, вале мутаасифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо шахсоне ёфт мешаванд, ки худро мусалмони асил тарошанд ҳам, бо ҳиллаву найранг одамони содаву зудбоварро ба дом афканда, бераҳмона тороҷ менамоянд.
Қаллобию мардумфиребӣ аз назари қонун низ ҷинояти вазнин ба шумор рафта, ҷазои сангине дар пай дорад. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як қаллоб хабар додааст, ки бо макри фиреб 270 ҳазор сормонии дигаронро аз худ намудааст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 22 сентябри соли 2022 аз ошкор шудани силсилақаллобиҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад, як ҷавонзани 28-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ даст ба авомфиребӣ зада, се зани дигари сокини ҳамин ноҳияро ба маблағи дар умумии беш аз 270 ҳазор сомонӣ фиреб додааст.
Бино ба иттилои ВКД, дар аввал ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022, зани 28-солаи сокини ноҳияи зикргардида, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 100 ҳазор сомониашро гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш матоъҳои гуногун меорад, аммо маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар рафти тафтишот маълум гаштааст, ки ҳамин ҷавонзан боз ду зани 64-ва 35-соларо ба домаш афкада, аз яке 100 ҳазор ва аз дигарӣ 71 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, баъдан занҳоро “кидат” карда, маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.