Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!
Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?
Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?
- Дар ин давра хароҷотам камтар аст. Дар даврае, ки тинҷӣ буд, вабо набуду мо ба тӯю маъракаҳо мерафтем, хароҷотамон зиёдтар буд. Ҳоло бошад, захираҳои кардаамро дар зиндагӣ кам кам сарфакорона истифода намуда истодаем.
То ҷо ҳамагон медонанд, бозорҳо ва мағозаҳои либосфурӯшӣ маҳкам аст ва мо наметавонем бо харидани либос ва ё маҳсулотҳои қиммат пулҳоямонро харҷ созем.
- Мушкил нест дар хона нишастану аз саҳна дур будан?
- Албатта мушкил аст. Хушбахтона, ман зиёд дар хона намешинам. Азбаски духтари назаркардаи Худованд ҳастам, рекламаҳо ба нишониам меоянд. Дар ин давра албатта зиёд нест, вале ва аз ҳамон ҳисоб маблағи иловагӣ ба даст меорам. Набудани тӯю маърака ба мо ситораҳо зиёни бештар оварда бошад ҳам, вале мо умедворем, ки ба зудӣ аз ин вабо халос мешавем.
- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед?
- Ҳамаи тавсияҳои табибонро риоя мекунем.
Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?
Худашонро эҳтиёт кунанду бе зарурат аз хона набароянд. Саломатии ҳар як кадоми онҳо ба ин миллат зарур аст.
P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Мадина Ақназарова дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед.