Пагоҳ, 19-уми уми феврал моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфта, мардуми тоҷик қатори дигар мусалмонони олам рӯза медоранд. Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро ба сипари боэътимоде ташбеҳ додааст, ки фардои қиёмат соҳибшро аз оташи сӯзони ҷаҳаннам паноҳ медиҳад. Ба идораи сомонаи Oila.tj дар боби Рамазон ва қоидаҳои рӯзадорӣ аз номи хонандагони сершумор саволҳои зиёде расидааст. Имрӯз мо ба 3 саволи муҳим дар бораи Рамазон ҷавоб медиҳем.
Киҳо аз гирифтани рӯза озоданд?
Бемороне, ки рӯзадорӣ ба саломатиашон зиён дорад, занони ҳомила ва ё тифли ширмак доштае, ки фарзандашон ба ҷуз шири модар ягон ғизои дигар намехӯрад, пирони барҷомонда ва мусофироне, ки ба масофаи беш аз 90 километр ба сафар мебароянд, аз рӯзадорӣ озод ҳастанд.
Шахсоне, ки бо сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, имсол барои 30 рӯз 420 сомонӣ фидяи савм медиҳанд.
Фитри рӯза чанд аст?
Мувофиқи қарори Шурои уламои кишвар имсол ҳар як шахс бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт намояд.
Нисоби закот чӣ қадар аст?
Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 900 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомониро ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.