Агентии обуҳавошиносии кишвар аз боришоти борон ва хатари омадани сел дар 3 рӯзи наздик хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзҳои 22-24-уми апрел эҳтимоли дар минтақаҳои гуногуни кишварамон сар задани боришоти шадид вуҷуд дорад. Аз ҷумла, рӯзи 23-юми апрел дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст.
Агентии обуҳавошиносӣ таъкид намудааст, ки ин рӯзҳо бо далели сар задани боришоти зиёд дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои доманакӯҳиву кӯҳии вилояти Суғд ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.