arzon replenishment
3-роҳи табобати халқии касалии қанд
08.01.2022
ОИЛА
2481

 

Чанд сол боз ба диабети қанд гирифтор ҳастам ва дар зери назорати табибон қарор дорам. Ба куҷое, ки наравам, ҳамеша доруҳоямро бо худ мебарам. Мудом бо дору гаштан ба дилам задаст. Шунидам, ки бо воситаи гиёҳҳо ва ҳатто бо барги баъзе дарахтон низ касалии қандро табобат карда мешудааст. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат карда истодаам, то фаҳмам, ки ин гап асос дорад ё не?

Муродулло, н. Рӯдакӣ.

 Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

Муолиҷаи бемории қанд дар тибби гиёҳӣ ҳеҷ мушкиле надорад. Воситаҳои зиёде мавҷуданд, ки инсулинро ба меъёр медароваранд, вале барои ин, муолиҷаро то ҳосил шудани беҳбудии комил идома додан лозим аст. Ман чанд усули содаи табобати касалии қандро бо воситаи барги дарахтон ба шумо мекушоям.

 

Нусхаи аввал

25 гр. барги хушки чормағзро дар як литр оби ҷӯш муддати як соат дам карда, саҳарӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ як пиёлагӣ нӯшед. Ин амалро як ҳафта давом диҳед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

Нусхаи дигар

Барги тути сафедро шукр карда, кафмол намоед, то ба шакли хока дарояд. Онро ба рӯи ғизоҳое, ки истеъмол мекунед, пошед, сатҳи қанди хунро хеле паст мекунад.

 Нусхаи сеюм

Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта, хушк кунед ва 2 қошуқашро дар ним литр об андохта ҳамагӣ 2-3 дақиқа ҷўшонед, сипас оташро хомӯш намуда монед, ним соат истад. Гиёҳобро соф карда, рӯзе 3 бор 50 гр., бинӯшед.

Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Рачабова лола 2023-07-15, 16:56
Падар панч сол боз ба бемории касали канд дуюм степен гирифтор аст имсол ангуштони пойхояшро буридан дар шахри Москва хамин табобаб шаванда хаст ё не дар он чо ба мо гуфтан табобат шаванда аст.акачон хаминро мехохам аз шумо фахмам ки табобат шаванда хаст ё не илтимос чавобашро аз шумо мунтазирам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Рачабова лола 2023-07-15, 16:56
Падар панч сол боз ба бемории касали канд дуюм степен гирифтор аст имсол ангуштони пойхояшро буридан дар шахри Москва хамин табобаб шаванда хаст ё не дар он чо ба мо гуфтан табобат шаванда аст.акачон хаминро мехохам аз шумо фахмам ки табобат шаванда хаст ё не илтимос чавобашро аз шумо мунтазирам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД