Шахсе аз Шайх Ҳасани Басрӣ (р) пурсид:-Эй Абӯсаид, оё Шайтон ҳам хоб мекунад?
Шайх Ҳасан Табассум карда гуфт:-Агар Шайтон хоб мекард, мо ҳама тинҷу осуда мебудем. Маълум аст, ки халосии муъмин аз Шайтон кори осон нест, аммо роҳҳои заиф гардонидану дафъ кардани ӯ вуҷуд дорад.
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Муъмин шайтони худро чунон заифу камқувват мекунад, мисли он ки яке аз шумо шутури худро дар ҳолати сафар заифу хаста месозад».
Қайс ибни Ҳаҷҷаҷ (р) мегӯяд:-Ба ман Шайтони вобасташудаам чунин гуфт: «Вақте дар вуҷуди ту дохил шудам мисли шутур калон будам. Ҳоло чун паррандаи хурд ҳастам». Аз ӯ пурсидам, ки «Бо чӣ сабаб хурд шудӣ?» Гуфт: «Ту маро бо зикри Худо об кардӣ».
Яъне, Шайтон ҳангоми зикри Худо, ибодат ва амалҳои нек заифу бемадор мегардад. Вақте инсон аз ёди Худо ғофил шуд, Шайтон фурсатро ғанимат шумурда, дар дили инсон андешаҳои бад меафканад. Барои мардуми парҳезгору муттақӣ банд кардани роҳҳои зоҳирии Шайтон ва назорат кардан ба роҳҳое, ки инсонро ба сӯи гуноҳон мебарад, чандон мушкил нест. Магар шинохтани роҳҳои махфиёнаи шайтонӣ ва назорат кардан ба онҳо мушкил аст. Зеро он бисёр махфӣ ва ноаён мебошад. Шайтон ба дили инсон аз дарвозаҳои гуногун роҳ меёбад. Аммо барои фариштаҳо ба дили инсон ҳамагӣ як дарвоза аст.
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мефармояд, ки рӯзе Расули Худо (с) барои мо хате кашида фармуд:
-Ин роҳи Худованд аст.
Сипас ба тарафи росту чапи он хатҳои дигар кашида фармуд:-Ин роҳҳоеанд, ки бар сари ҳар яке Шайтоне нишастааст ва мардумро ба сӯи он даъват мекунад.
Рӯзе Иблиси лаъин худро ба ҳазрати Исо алайҳисалом нишон дода, гуфт:-Эй Исо, калимаи тайиба (Лоилоҳа иллаллоҳ)-ро бихон.
Исо (а) гуфт:-Ин калимаи ҳақ аст, лекин ман онро ба ҳукми ту намехонам.
Яъне, аз сабаби он ки Шайтон дар некиҳо низ дахолат карда ҳамчун бадӣ талбисро ба кор мебарад ва мардумро аз кори хайр бозмедорад. Бо чунин фиребаш амали зоҳидон, сарватмандон ва дигаронро зоеъ ва барбод медиҳад. Аз шарру фиреби ӯ танҳо касоне маҳфуз мемонанд, ки Худованди Мутаъол онҳоро дар ҳифзу ҳимояти худ бигирад.
Аз Худованди Мутаъол хоҳонем, ки моро аз макру фиребҳои Шайтон нигоҳ дорад.
Худоё ту он кун саранҷоми кор,
Ту хушнуд бошию мо растагор.