паёмади як фоҷиаи хунин
Бар асари як фоҷиа хунин дар Исфара 3 нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар бо захму ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд...
Беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ аксаран боиси сар задани фоҷиа ва ҳодисаҳои нохуш гашта, паёмадҳои ногувори зиёдеро ба бор меорад. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи хунин хабар додааст, ки тақдири чанд инсон бар асари он шикаста шуд.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш санаи 20-январ, тахминан соатҳои 7-30-и субҳ сар зада, ронандаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Абдулаким Абдувосидович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Исфара-Конибодом-Ғафуров», бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Ҳайдарзода Абдувосит Ғанӣ, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Конибодом, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садамаи хунин ронандагон Ҳайдарзода А.Ғ., Сатторов А. А. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қаюмова Муслимахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Бадбахтона, ин садамаи сархӯр боиси марги фоҷиавии се тани дигар гашта, мусофирони автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Сатторов Абдухолиқ Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1970, Исматова Таборахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1969 ва Сатторова Умидахон Ваҳобовна, соли таваллудаш 1940, сокинони шаҳри Исфара дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.