Салом! Аксари мардони тоҷик маҷбуранд, ки барои пеш бурдани зиндагии оилаашон ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
Донистан мехостам, ки аз нигоҳи ислом пас аз оиладор шудан, ҳар сол се моҳ дар назди занаш монда, нӯҳ моҳи дигарро дар хориҷа гузаронидани марди мусалмон ҷоиз аст ё не?
Ш. Б., хонандаи “Оила”.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, агар сабаби дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардани марди мусалмон ягон зарурати рӯзгор, аз қабилӣ таҳсил, тиҷорат ё ба даст овардани маблағ барои таъмини зиндагӣ ва маишати аҳли хонавода бошад, боке надорад. Аммо бе ягон сабаб моҳҳову солҳо занро танҳо мондан рафтан раво нест. Худованд марду занро барои ҳамдигар офаридааст. Шавҳар бояд ҳамеша дар бари ҳамсараш бошад ва ниёзҳои ӯро қонеъ гардонад.