formula
3-маҳсулоте, ки занро пир мекунанд
28.05.2023
ОИЛА
1175


Рӯйи зане аллакай дар синни 35-36 солагӣ пур аз чину ожанг мегардаду зани дигар дар 50 солагӣ ҳам ҷавону зебою ботароват менамояд. Чаро чунин мешавад?

Пайдоиши чину ожангҳои пӯсти рӯйи зан на танҳо раванди табиӣ, балки натиҷаи ғизои истеъмолкардааш низ мебошад. Мутахассисон мегӯянд, ки ғизо ба ҳолати пӯсти рӯй таъсири бевосита мерасонад. Ҳар қадаре , ки занғизои зарарнок истеъмол намояд, ҳамон андоза зудтар пир мешавад.

Барои пешгирии пирии бармаҳал имрӯз мо ба шумо дар бораи ғизо ва нӯшокиҳое маълумот медиҳем, ки душмани ҳусн ва зебоӣ ҳастанд.

Шароб-душмани ҳусн

Бонувоне ҳастанд, ки барои беҳдошти саломатӣ май менӯшанд. Агар ҳафтае 2-3 маротиба май (вино) истеъмол намоед, таъсираш ҳатман ба пӯсти рӯй мерасад: машрубот коллагени пӯстро вайрон месозаду пӯст халта зада, хокистарранг мегардад. На танҳо май, балки дигар нӯшокиҳои спиртӣ мӯҷиби хушк шудани пӯст мегарданд.

Ҷавон мондан хоҳӣ, қанду ширинӣ нахӯр!

Қанди таркиби шириниҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва ҳатто нон муҷиби пайдоиши ожангу чинҳои пӯст мегарданд. Глюкоза дар ҳамбастагӣ бо коллаген боиси ғафсу баста гаштани аминокислотаҳо мегардад. Вақте таркиби коллаген тағйир меёбад, пӯст хушк шуда, халта мезанад, ожангҳои рӯй чуқур пайдо мешаванд. Бар замми ин, қанд ба узвҳои ҳозима ва коркарди чарб таъсир расонида, сабабгори пайдоиши наракҳои чиркдор мегардад. Дар чунин ҳолатҳо қандро пурра аз рӯихати хӯрок хат задан лозим аст. Барои пурра аз қанд даст кашидан, дар аввал истеъмоли онро 2 маротиба кам ва мунтазам нест кардан лозим аст. Баъди он ки ҳолати пӯстатон рӯ ба беҳбудӣ овард, аз нав онро истеъмол кардан мумкин аст, вале хеле миқдори камашро. Агар шумо дӯстдори қанду қонфет бошед, тамоми кӯшишҳоятон беҳуда аст.

Шир занро пир мекунад?

Бо рафтани синну сол организми инсон лактозаро хеле бад ҳазм мекунад. Ҳамзамон баъзе тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки шир ба сатҳи ҳормонҳо таъсир расонида, боиси пайдошавии бемориҳои пӯст, илтиҳоб ва нараки пӯст мегардад. Агар баъди истеъмоли шир чашмонатон варам карда, халта занад, дар зерманаҳатон сурхичаҳо пайдо шавад, муддати 3 ҳафта шир истеъмол накунед. Дар ин муддат лактоза пурра аз ҷисм тоза мешавад. Рафту баъд аз ин пӯсти рӯятон тоза шавад, минбаъд парҳези ширирро давом диҳед. Дар аввал албатта душвор аст, вале баъд шумо одат мекунед. Вале аз истеъмоли чаккаву ҷурғот худдорӣ накунед, зеро ин маҳсулотҳои ширӣ лактозаи кам, вале калсии зиёд доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД