Arzon accountant
3 келинро мисли духтар қабул кардам
31.08.2024
ОИЛА.ТҶ
584

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз, сокини кўчаи Ҳасанови шаҳри Конибодом Роҳбар Зайниддинова мебошанд. Суҳбати мо бо муаллимаи азиз сари муносибати хушдоману келин гарм шуд, зеро он кас соҳиби се келин ҳастанд.

- Ман се келинамро чун духтар қабул намудам. Дар бораи муносибати келину хушдоман сарусадоҳо зиёд аст, аммо ман мегўям, ки мо худамон ҳам замоне арўс шуда, ба хонадоне омадаем ва бояд ана ҳамон рўзҳоро ба ёд оварда, ба келинҳо модарона муносибат намоем.

Ёд дорам, синни писари калониям аз бисту панҷ гузашту духтари ба дилашро намеёфт. Як рўз пиджакашро барои бозсозӣ назди чеваре бурду аз он ҷо баргашта гуфт, ки ба ман духтаре маъқул шуд, вале бовар дорам, шумо духтари деҳотиро келин намекунед. Ман гуфтам ин фикрат хатост, деҳотӣ аз шаҳрӣ чӣ фарқ дорад?

Чун писарам хонадор шуд, келинам гуфт, ки мехоҳад пардадўзиро низ омўзад. Мо аҳли оила ҳамакаса ба ў кумак кардем ва имрўз келинам Муқаддасбону яке аз пардадўзони машҳури шаҳрамон аст.

Муносибати келину хушдоман бояд модарона ва бо боварӣ бошад, онҳо якдигарро хуб дарк кунанду дастгири ҳамдигар бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД