new banner new years
3 кӯдак ғарқ шуданд
397


Дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ғарқ шудаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳодисаи охир рӯзи 16- июн, тахминан соатҳои 13:20 дақиқа сар зада, як кӯдаки 10-сола дар деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шудааст. Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Аз 3 кӯдаки дар рӯзҳои истироҳат ғарқшуда якеашон ҳамагӣ якунимсола будааст, вале чи тавр ба об афтидани ин тифлак маълум нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД