Як зани индонезӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги қалбакии худро эълон кард, то аз пардохти қарзи 4,2 миллион рупияи индонезӣ (ҳудуди 268 доллар) халос шавад. Дар ин бора сомонаи "Кnife.media" хабар дод.
Майя Гунаван розӣ шудааст, ки ба Лиза Деви Прамита 4,2 миллион рупияи индонезӣ қарз диҳад, ба шарте, ки вай пулро ба зудӣ баргардонад. Қабл аз ин, онҳо якдигарро тавассути як гурӯҳи муштараки онлайн медонистанд ва ҳеҷ гоҳ шахсан вонахӯрда буданд.
Прамита натавонист пулро сари вақт баргардонад ва талаб кард, ки соҳиби пул муҳлати пардохтро ба таъхир гузорад. Аммо, дере нагузашта, писари ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки модараш дар садамаи нақлиётӣ ба таври фоҷиабор ҷон додааст. Ӯ аксҳои модарашро бо чашмони пӯшида ва пораҳои пахта дар бинӣ нашр кард.
Нахуст қарздор аз ин хабар ғамгин шуда, қарзи пардохтнашударо аз сараш дур кард, аммо баъд писари Прамита эълон кард, ки ӯро аз хона хеле дур дафн мекунанд. Майя ба ин шубҳа кард. Бинобар ин, ба аксҳо бодиққат назар кард. Бо ҷустуҷӯи расмҳо, ӯ фаҳмид, ки баъзе аз аксҳо аз интернет гирифта шудаанд.
Писари Прамита иқрор шуд, ки ин ҳама сохтакорие буд, ки модараш барои пешгирӣ аз пардохти қарз таҳия кардааст. Аммо, ҳатто пас аз ин ошкоршавӣ Пирамита ёфт нашуд ва Майя Гунаван то ҳол пулашро нагирифтааст.