"Облава" сар шуд, бачаҳо гурезед!
Бо шунидани ин нидо ҳар сол дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ҷавононе, ки синну солашон ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мутобиқ гаштааст, рӯ ба гурез ниҳода, ба қавле худро дар мӯшхонаҳо ҷой мекарданд, то ки ба аскарӣ нараванд.
Солҳои охир кор ба ҷое расида буд, ки баъзе падару модарон танҳо ба хотири аз “облава” ва аскарӣ халос шудани фарзандашон аз бонкҳо бо фоизи баланд қарз гирифта, писарашонро ба ягон днишгоҳ ва ё донишкада дохил мекарданд. Вақте ки ҳадаф танҳо халосӣ аз “облава” ва аскарӣ аст, табиист, ки 4-5 соли умри он ҷавон дар паси мизу курсии донишгоҳ беҳуда гузашта, баъди гирифтани диплом аксари чунин “муттахассисони ҷавон” ночор ба Русия мардикорӣ мерафтанд.
Ҳар сол, ҳамин ки даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сар шуд, “облава” ба мавзӯи марказии расонаҳо табдил меёфт ва ниҳоят арзу шикояту доду войи мардум ба дили ҳама зада, ҳукумат роҳи ҳалли масъаларо ёфт.
Аскарӣ рафтан намехоҳӣ? Марҳамат пулашро супор ва ҳамагӣ як моҳ ба Ватан хизмат карда, ба сафи нерӯҳои захиравии қувваҳои мусаллаҳ дохил шав, минбаъд бемалол гаштан мегирӣ, дигар на “облава” туро медорад ва на ба хонаатон даъватномаи ҳарбӣ меоранд.
Хабари пулакӣ шудани хизмат, аниқтараш озод шудан аз хизмати ҳатмии дусолаи сарбозӣ хеле барвақт пайдо шуда бошад ҳам, касе дақиқ намедонист, ки барои як моҳ хизмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ гаштан чи қадар пул лозим аст.
Қарор имзо шуд!
Ниҳоят, пас аз интизориҳои тӯлонӣ, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарор ба ин мавзӯи пурбаҳс хотима гузошта, ҳаҷми маблағи хизмат дар ҳайъати захиравиро дақиқан муайян кард. Тибқи қарори ҳукумат ҳаҷми маблағи хизмат дар ҳайати захиравӣ муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст. Ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 60-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр. минбаъд ҷавононе, ки хизмати дусолаи Ватанро ба омӯзиши якмоҳа иваз карда, ба ҳайъати захиравӣ дохил шудан мехоҳанд, 25 ҳазору 200 сомонӣ супурда, аз аскарӣ халос мешаванд.
Тартиби хизмати пулакӣ
Хизмат тариқи пардохти маблағ ҳамагӣ як моҳ давом мекунад ва аскарбачаи хушбахт ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 840 сомонӣ сарф карда, соҳиби билети ҳарбӣ мешавад, вале ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола дар қонуни буҷа муайян гашта, вобаста ба боло рафтани ин нишондиҳанда маблағи хизмат низ афзоиш хоҳад ёфт.
Дар тартиби хизмат дар ҳайати захиравӣ таъкид шудааст, ки вазъи ҳуқуқии чунин хизматчиён ба сарбозону сержантҳо баробар буда, онҳо аз имтиёзу кафолатҳои муқарраргардида бархӯрдор мебошанд.
Маблағро чи тавр месупоранд?
Даъвати хизматчиёни захиравӣ аз рӯи минтақаи зисташон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа сурат гирифта, ҷавонон баъди анҷоми хизмат ба сафи нерӯҳои эҳтиётӣ шомил хоҳанд гашт.
Маблағи хизмат дар ҳайати захиравӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа дар бахши хазинадории Вазорати молия гузаронда мешавад.
Қабул ба хизмат дар ҳайати захиравӣ танҳо дар сурати пешпардохт намудани маблағ имконпазир аст, бинобар ин, ҷавононе, ки ҳавсалаи ду сол ба Ватан хизмат кардан надоранд, бояд аз ҳоло дар фикри дарёфти пул ва супурдани маблағ афтода, пайи ҳалли масъала кӯшиш варзанд, вагарна дер хоҳад шуд.
Тибқи қарори мазкур шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи аскарӣ аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.