Дар вилояти Суғд 22 нафар занони нашъаманд дар давоми соли 2022 ба қайд гирифта шудаанд. Теъдоди умумии нашъмандон дар Суғд ба 877 нафар расидааст, ки нисбати соли 2021 9 нафар камтар мебошад.
Аз ҳама зиёд теъдоди беморони нашъаманд дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шуда, тибқи омори расмии маркази наркологии вилоят 220 нафар ҳамчун нашъаманд номнавис гардидаанд. Дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравашан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров теъдоди нашъамандон аз 50 нафар зиёд мебошад. Аз теъдоди умумии нашъамандон 22 нафарашонро занон ташкил медиҳад.
Дар ин бора Фаррух Зиёзода, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
“Теъдоди нашъамандон сол то сол кам шуда истодааст. Хурсандиовар аст , ки дар давоми ду соли охир бемории нашъамандӣ байни ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст”- гуфт сардухтури маркази наркологии вилояти Суғд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ду ноҳияи вилоят-Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ягон бемори нашъаманд ба қайд гирифта нашудааст.
Дар давоми соли гузашта 20 нафар нашъмандони вилояти Суғд аз сабабҳои гуногун фавтидаанд. Табибон фавти нашъамандонро ба бемориҳои сактаи дил, норасогии кори гурдаҳо, ҷигар ва мағзи сар рабт доданд.
Фаррух Усмонов