Писарам, ёдат бошад, ҳамеша дӯстат медорам ва насиҳатхониҳоям василаест, барои изҳори муҳаббатам.
- Аз ҳамсарат интизор набош, ки бо ту чун ман муомила мекунад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин гуна нахоҳад шуд. Ӯ туро назодааст.
- Ҳамеша ҷӯробҳоятро худат бишӯй. Ин корро ба ҷои ту танҳо мошинаи ҷомашӯӣ анҷом дода метавонаду халос.
- Чӯткаи дандоншӯиатро моҳе як маротиба иваз кун.
- Ҳаргиз ба ҳамсарат маро мисол наор, ки модарам чунину чунон мекард.
- Ҷумлаи “хӯроки омоданамудаи модарам болаззаттар буд”-ро барои ҳамеша фаромӯш кун.
- Аз болои ҳамсарат назди ман шикоят накун, зеро ӯро худат интихоб намудаӣ.
- Роҷеъ ба рафторҳои пешинаи худ назди ҳамсарат қисса накун. Агар пурсид, бигӯ, ки ҳама аз ёдат рафтааст.
- Дар телефони худ танҳо маълумотҳои безарарро ҳифз намо. Дигарашро дар ёдат нигоҳ дор, на дар телефонат.
- Таомеро, ки ҳамсарат омода кардааст, ҳамеша таърифу тавсиф бинамо.
- Ба ҳеҷ ваҷҳ дар бораи ҷанҷолҳои гузаштаи ману падарат ба ҳамсарат қисса накун. Ҳарчӣ буд, кайҳо буд ва ба касе рабт надошту надорад.
- Агар ман бемор шавам, дар як ҳафта як маротиба ба аёдатам биё. Ин барои ман бисёр муҳим аст. Ҳангоми омадан шириниро аз ёдат набарор.
- Агар аз ту хоҳиш кунам, ки телефони маро ҷӯр бикун, асабӣ нашав. Охир, вақте ту хурд будӣ, ҳама корро ба ту ман омӯзонида будам.
- Аз ёдат наравад, ки акнун дар ҳаёти ту бонуи аввал ҳамсарат аст, на ман.
- Агар рафту ҳамсарат аз ту пурсад, ки либоси ба бар кардааш ӯро фарбеҳ нишон медиҳад ё на, бигӯ, ки “на, баръакс лоғар шудааст”.
- Агар ҳамсарат аз ту харидани асбобҳоеро ба монанди чангкашак, яхдон ё чизи дигареро тақозо кунад, ҳамеша баъди бори сеюм ба забон оварданаш мувофиқат бикун. Зан бори аввал дар омади гап мегӯяд, бори дувум ҷиддӣ будан ё набуди тасмимаш маълум нест ва агар бори сеюм ба забон орад, маълум мешавад, ки лозим дорад. Рози шав.
- Агар аз ту иҷрои кореро хоҳиш кардам, дарҳол иҷро кун, чун ман сари дурустии он 333 маротиба андеша кардаам.
- Ҳаргиз падару модари ҳамсаратро танқид макун. Ёдат бошад, онҳо духтареро ба дунё овардаанд, ки ҳоло ҳамсари туст.
- Рушд намо, китоб бихон. Донишатро такмил деҳ.
- Дар як ҳафта шаш хӯроки шомро бо хонаводаат бихӯр ва яки онро бо дӯстонат. Ин барои баробарӣ созгор аст.
- Ҳамеша ҳамсаратро бо ҳамаи идҳо, бо рӯзи шиносшавиатон ва рӯзи тӯятон табрик бикун. Ин барои ҳар як зан хеле муҳим аст.
- Қабл аз он ки ба хонаат ворид мешавӣ, табассум кун. Ёдат наравад, ки ту барои ҳамсару фарзандонат ҳамеша мояи оромиш ва эътимод ҳастӣ.