arzon replenishment
21 корманди “Амонатбонк”-ро аз кор ронданд
12.02.2025
Оила
244

21 нафар кормандони “Амонатбонк” барои расонидани зарари калони молиявӣ дар ҳаҷми 53,1 миллион сомонӣ аз кор ронда шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Каримзода, Раиси “Палатаи ҳисоб” маълумот дода гуфт, камбудиҳои молиявӣ зимни санҷишҳои аудиторӣ дар КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон ошкор карда шуданд. Бештари кормандони ин бонк, ки дар пайи камбудиҳои молиявӣ аз вазифа барканор шудаанд, сармуҳосиб будаанд. Аз 53,1 млн сомонӣ зиёни молиявии ошкоршуда 624,11 ҳазораш камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, беш аз 537 ҳазор сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, 5,9 млн сомонӣ маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андоз ва 7,6 млн сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ буда, аз зарари умумии расонидашуда 11 миллион сомонӣ ба буҷет ва 42,1 миллион сомонӣ ба бонк барқарор карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД