Хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаи маориф низ рӯз то рӯз рушд карда, минбаъд падару модарон метавонанд фарзандони худро ба боғчаҳои бачагона ба таври онлайн сабти ном намоянд.
Аллакай 20 кӯдакистони шаҳри Душанбе ба барномаи “Kudak.tj” пайваст карда шудаанд. Тариқи ин барнома волидайн метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистони дилхоҳи худ ба таври онлайн сабти ном намоянд.
“Kudak.tj” имконият медиҳад, ки падару модарон бо истифода аз харита кӯдакистони муносибро интихоб намуда, ба таври электронӣ фарзандони худро сабти ном намоянд. Кӯдакон дар навбат гузошта мешаванд ва бо расидани навбат кӯдакро ба кӯдакистон қабул хоҳанд кард.
Барнома имкони дастрасиро ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо фароҳам меорад.
Ҷорӣ шудани барномаи мазкур раванди кори боғчаҳои бачагонаро шаффоф гардонида, ҳамзамон ташвиши падару модаронро кам мекунад ва ба мураббиён низ дар тарбияи кӯдакон ёрӣ мерасонад.
Ҷорӣ гаштани барномаи мазкур як қадами муваффақ дар гузараши кӯдакистонҳо ба хизматрасониҳои рақамӣ мебошад.