formula
2 зан ваксина гирифта, соҳиби хона шуданд!
1817

Бо мақсади мубориза алайҳи коронавирус ва ҷалби бештари мардум ба ваксинатсия имрӯзҳо дар Русия чораҳои зиёде андешида мешаванд. Аз ҷумла дар пойтахти ин кишвар-шаҳри Маскав аксияи махсусе бо унвони “Воксина-калиди саломатӣ” гузаронида мешавад, ки ҳадафи асосии он ташвиши мардум ба эмгузаронӣ алайҳи коронавирус аст. Дар доираи ин лоиҳа байни касоне, ки аллакай як ё ҳарду вояи воксинаи зидди “Ковид-19”-ро гирифтаанд, бозии лоторея гузаронида мешавад. Моҳи гузашта ду сокини шаҳри Маскав дар ин лоторея якҳуҷрагӣ бурда карда буданд. Инак, боз ду зани дигар бо шарофати ваксина соҳиби манзил гаштанд.
Тавре ки РБК хабар додааст, бозии навбатии лоторея дар доираи лоиҳаи “Ваксина-калиди саломатӣ” дирӯз дар шаҳри Маскав баргузор шуда, ду бонуи хушбахт хонаҳои замонавӣ бурд кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, чемпионкаи дукаратаи ҷаҳон оид ба рақси рӯйи ях Ирина Слуцкая натиҷаҳои бозиро эълон намуд ва манзили аввал насиби Наталя Николаевна гашт. Якхонагии дуюмро зане бо исми Вафа Фикретова бурд кардааст.
Гузориш аз рафти бозӣ дар шабакаи телевизионии “Москва-24” ба таври мустақим пахш гашта, ба қавли дастандаркорони лоиҳаи “Ваксина-калиди саломатӣ” ҳудуди 133 738 нафар дар он ширкат варзидаанд.
Эмгузаронӣ ба муқобили коронавирус роҳи ягонаи мубориза бо ин бемории ҳамагир мебошад ва ташкили чунин аксияҳо дар кишвари мо низ метавонад дар ташвиқи мардум ба гирифтани воксина нақши муассир бибозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД