-Камилабону, имсол иди Наврӯзро дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифтед?
-Дигар дар куҷо ҳам мешуд, албатта дар маҳфилҳои наврӯзӣ-дия! Ҳаёти мо-ҳунармандон ба ҳама маълум, барои хушҳолии мардум кӯшиш карда, барои худамон қариб, ки вақт намеёбем.
-Аҳли оилаатон гила ва норозигӣ намекунанд, ки ҳамеша дар иду ҷашнҳо дар хона нестед?
-Вақте ки инсон ба ҷодаи санъат қадам мегузорад, дигар ба худаш тааллуқ надорад. Аҳли оилаи мо инро хуб мефаҳманд ва эътироз намекунанд. Хуб баромад кунам, наздиконам аз муваффақияти ман баръакс хурсанд мешаванд.
-Албатта бо ин қадар серкорӣ вақти сумакпазӣ надоред ва имсол мазаашро ҳам начашидагистед?
-Иқрор мешавам, ки ман аслан суманак пухта наметавонам, вале хӯрданашро дӯст медорам. (Механдад). Лаззати суманакро бошад, имсол як бор не, чандин маротиба чашидам. Дар тамоми маҳфилҳои наврӯзӣ ба мо суманак пешниҳод мекарданд.
-Илҳоми эҷодкорон дар фасли баҳор дубора ҷӯш мезанад. Мухлисонро рӯзҳои наздик чи сюрпризҳо интизор аст?
-Дар ҳақиқат имсол ман ба мухлисонам сюрпризҳои зиёде карданиям ва чанд навгонии ҷолиби баҳорӣ дорам Ду таронаи навамро дар ҳамин шабу рӯзҳои наврӯзӣ пешкаши ҳаводорони созу суруд месозам, сюрпризҳои дигарро бошад, бояд интизор шаванд.
-Комёб бошед!