Arzon march 2024
2 фоҷиаи хунин дар 1 рӯз
1254

2 фоҷиаи хунин дар 1 рӯз
Санаи 19-уми майи соли 2022, тахминан соати 12:15- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Витс», Қобилов Далер Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Қумриев Абдулҳамид Холиқович, соли таваллудаш 1944, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар пайи ин ҳодиса, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин дар ҳамин сана, тахминан соати 00:30- дақиқа, ронандаи мототсикл Менгёров Юлдош Сотиболдиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд аз уҳдаи идора кардани мотосикл набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба мототсикли дигар таҳти идораи Шарипов Яқуб Муҳаммадович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи номбурда бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса Шарипов Я.М. ва мусофири ҳамроҳаш буда, Ҷабборов Бегмат Ҳасанович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи зикр гардида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Менгёров Ю.С дар натиҷаи ин ҳодиса ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта айни ҳол дар беморхона қарор дорад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД