18 донишҷӯйи ДДМИТ ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода шудаанд
133

Муносибатҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷӣ торафт вусъат меёбад. Аз ҷумла, 18 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ дар соли 2025 ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода шуда, 15 нафар устодони хориҷӣ тибқи барномаи “Профессори даъватӣ” ба донишҷӯён ва устодони ин донишгоҳ лексияҳои худро пешниҳод намудаанд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор маълумот дод.

Ректор гуфт, ки “соли 2025 дар донишгоҳ 15 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 7 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ, 5 ихтисоси магистратура ва 2 ихтисоси доктори фалсафа таъсис дода шуда, нақшаи нави таълим ва барномаҳои таълимии ба стандартҳои замони муосир ҷавобгӯй таҳия гардиданд. Айни замон донишгоҳ аз рӯйи 60 ихтисос мутахассисони самти молия ва иқтисодро омода месозад”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД