Arzon march 2024
18-ғалабаи паҳлавони данғарагӣ
297



Лоиқ Раҷабов рамзкори муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук мебошад.Шурӯъ аз соли 2012 ба таври ҳирфаӣ ҳунарнамои карда дар мусобиқаҳои EFC, PFL, GMC ширкат кардааст.

Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби №77-и шаҳри Душанбе ба итмом расондааст.

Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда,риштаи муҳандиси роҳи оҳанро бо маълумоти олӣ хатм кардааст.

Аввалин маротиба 5-уми октябри соли 2012 Лоиқ Раҷабов бо варзишгари Қирғизистон Юсуф Маҳмудов қувваозмоӣ намуда бо гузашти ҳамагӣ 47-сония ғалаба ба даст овард.

Ҳамин тавр, Раҷабов то соли 2019 боре ба бохт дучор нашуда, рақибонаш Расул Мансуров, Христас Муратиди, Али Ҳассан, Игор Монтес, Бурак Қизилирмака ва чанд варзишгари дигарро мағлуб кард.

Моҳи майи соли 2019 Лоиқ Раҷабов бо варзишгари рус Рашид Магомедов ба майдони набард баромад. Вале ин дафъа бахт ба рӯяш нахандид ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзи ба Рашид Магомедов дода шуд. Магомедов ба силсила пирӯзиҳои Лоиқ Раҷабов нуқта гузошт.
Лоиқ Раҷабов дар корномаи варзишиаш 23-маротиба вориди майдони рақобат шуда 18-ғалаба,1-мусовӣ ва 4-маротиба ба бохт дучор шудааст.
Ёдовар мешавем,ки айни замон Лоиқ Раҷабов рамзкор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД