177 ҳодисаи савдои одамон дар Тоҷикистон ошкор гардидааст
150

Соли 2025 дар Тоҷикистон 177 ҳодисаи савдои одамон ошкор гаштааст. Аз ҷумла, 10 ҳолати хариду фурӯши кӯдакон аз ҷониби мақомот ошкор карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ ба суд ирсол гаштаанд.

Дар ин хусус сардори Раёсати тафтишоти Додситонии кулли Тоҷикистон Хайриддин Илёсзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қайд карда шуд, ки дар робита ба ҳолатҳои савдои одамон алайҳи 73 нафар 56 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки 8 парванда вобаста ба савдои кӯдакон мебошад. Тафтишоти ду парванда идома дошта, дигар парвандаҳо барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД