goodwell
17 ҳазор сомонӣ ҷарима барои чойгаштак ва картошкакабоб
161

Суди ноҳияи Айнӣ як сокини деҳаи Марғузорро барои вайрон кардани қонуни танзим, баргузор намудани маъракаи чойгаштак дар тӯйи арӯсӣ ва бо картошкакабоб зиёфат додани дугонаҳои духтараш 17 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима бастааст.

Гуфта мешавад, ки Д.Ю.Б рӯзи 16-уми январ ба муносибати тӯйи арӯсии духтараш дар манзили зисташ маросими “Чойгаштак”-ро гузаронида, дар ду хона барои хешутабор ва ҳамсинфони духтараш дастурхони пурнозу неъмат оростааст ва меҳмононро бо картошкакабоб зиёфат додааст.

Барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар робита ба гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ нисбати ин шахс бо қисми 3-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз карда шуда, ба андозаи 220 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста шудааст, ки маблағи он 17 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД