Доғи бефарзандӣ
Азизаро падару модараш барои фарзанди нахустин буданашбисёр дӯст медоштанд. Бо вуҷуди эрка ба воя расидан, духтаре буд бисёр зебо ва хушахлоқ. Дар мактаб касе ба ӯ бо чашми бад нигоҳ намекард, духтаракба роҳи худ мерафту ба касе зиён намерасонд. Чун замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, баъди хатми мактаб волидонаш зуд ӯро ба шавҳар доданд. Азизаву Зафар ҳамдигарро мисли Лайливу Маҷнун дӯст доштанд ва шоду хурсанд зиндагӣ мекарданд.
Аз миён ду сол гузашт, Азиза ҳомиладор намешуд. Зану шавҳар парвое надоштанд, вале хушдоманаш холаи Сарвиноз аз бадном шудани писарашу оилааш хавотир буд. Рӯзе холаи Сарвиноз ин масъаларо дар ҳузури ҳама кушод. Азиза шарм дошта, аз сари дастархон хеста, ба хона даромад. Зафар ба модараш гуфт:
-Модарҷон, ҳар вақте Худо хоста бошад, ҳамон вақт фарзанддор мешавем,-модар гапи писарро тасдиқкунон гуфт:
-Дуруст мегӯӣ писарам, ҳамааш дар дасти Худост, вале даҳони мардумро пӯшида намешавад. Овоза мекунанд, ки аз тӯяшон ду сол гузашту ҳоло ҳам фарзанддор нашудаанд. Боз мегӯянд, ки Зафар ё занаш безуриёт аст. Баъд дар миёни мардум сар боло карда наметавонем. Беҳтараш ба назди ягон табиб раведу муолиҷа гиред.
Зиндагии дур аз туҳмату овоза
Зафар қарор дод, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Русия сафар намуда, онҷо дар баробари кор бо табобат машғул шавад. Ин фикр ҳам ба Азиза ва ҳам ба падару модараш писанд омад.Ҳамин тавр, зану шавҳар роҳ ба сӯи Русия пеш гирифтанд. Дар роҳ онҳо аз ишқу муҳаббати ҳамдигар ва лаҳзаҳои ширини ҳаёт мегуфтанду ҳамдигарро барои фарзанддор шудан тасалло медоданд. Зану шавҳарро дар Ленинград як хеши Зафар, ки муқими онҷо буд, пешвоз гирифта, ба хонаашон бурд. Зафар ва Азиза бояд дар хонаи онҳо истиқомат мекарданд. Баъди бартараф шудани хастагиҳои сафар Зафар ба ҷустуҷӯи табиб баромад. Ба онҳо табиби машҳуреро тавсия доданд. Баъд аз муоина табобатсар шуд. Дар ин миён Зафар дар заводи мебелсозӣ ҳамроҳи наздиконаш кор мекард, Азиза бошад, ба корҳои хона машғул буд.
Аз миён қариб як сол сипарӣ шуд, вале табобат натиҷаи мусбат намедод. Азиза ҳар кӯдакеро медид, дилаш гум мезад.Рӯзе назди Зафар ашк рехта, аз табобати зиёд хаста шуданашро гуфт. Дар чашмони Зафар низ беихтиёр ашк ҳалқа зад, вале онро аз Азиза пинҳон дошта, пок кард. Онҳо тақдири минбаъдаашонро ба дасти Худо вогузор намуда, зиндагиро идома доданд. Ҳамин тавр, ҳафт соли дигар зиндагӣ карданд, оҳиста-оҳиста доғи бефарзандӣ ишқу муҳаббаташонро коста менамуд. Байни ҳам бо пичингу киноя гап зада, якдигарро гунаҳкор меҳисобиданд. Кор ба ҷое расид, ки нафрату адоват ҷойгузини ишқу муҳаббат шуд. Ҳамхонаҳояшон онҳоро насиҳат мекарданд, вале дигар зану шавҳар созиш карда наметавонистанд. Билохира рӯзи ба ватан баргаштанашонро муайян карданд ва вақте ки ба зодгоҳ расиданд, Зафар Азизаро талоқ дода, рост ба хонаашон бурда монд.
Ҷудоӣ
Аз якбора ранг иваз кардани ҳаёти онҳо ҳама дар ҳайрат буданд, лекин падару модари Азиза низ ҳаминро мехостанд. Онҳо умедвор буданд, ки ба Азиза ягон марди дигар талабгор мебарояд ва Худо хоста бошад, соҳиби фарзанд мегардад. Онҳо Зафарро безуриёт медонистанд.
Азиза аз хобу хӯр монда буд. Дар хона рӯз то бегоҳ менишаст ва бо касе гап намезад. Лаҳзаҳои ширини ҳаёташро ба ёд оварда, ашк мерехт. Магар даҳ сол ҳамроҳ зиндагӣ кардану якбора ҷудо шудан осон аст? Бо вуҷуди душвор будан, ба хулосае омад, ки дигар дар бораи Зафар фикр намекунад. Шояд аллакай ӯ хонадор шуда бошаду ба зиндагии нав оғоз карда бошад. Бо чунин андеша умедвор буд, ки зиндагиро аз нав оғоз мекунад.
Роҳи нави ҳаёт
Ҳамин тавр, се сол дар хонаи волидон монд ва дар ин муддат тамоми хостгоронро рад мекард. Намехост зани марди калонсол ё зани дуюм шавад. Рӯзе ронандае Азизаро аз бозор ба хона оварда, аз ӯ оиладор буданашро пурсон шуд. Бо шунидани он ки Азиза шавҳар надорад, пас аз ду рӯз марди ронанда, ки тақрибан чилсола буд, модарашро ба хостгорӣ равон кард. Модари Азиза бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудани духтараш қисса намуда, гуфт, ки интихоб дар дасти духтараш аст. Онҳо Азизаву Иззатро ба хонае дароварданд. Иззат дили Азизаро ба даст овард ва ҳарду бо чеҳраи хандон баромаданд. Пас аз як ҳафта муллои деҳа онҳоро никоҳ карду Азиза ба хонаи шавҳари дуюмаш рафт. Завҷаи якуми Иззат вафот карда, мард соҳиби як писар буд. Азиза зуд бо кӯдак унс гирифт ва бо умед сари писарбачаро сила мекард, ки ӯ ҳам соҳиби фарзанд гардад.
Ҳадя ва ё Эҳсони Яздон
Аз миён як сол сипарӣ шуд, дар ин муддат Азиза бо шавҳару писараш Азизҷон ва хонаводаашон хуб унс гирифта буд. Рӯзе Азиза ба хушдоманаш гуфт, ки аз субҳ инҷониб дилбеҳузурӣ азияташ медиҳад. Хушдоманаш ҳамроҳи Иззат Азизаро зуд ба беморхона бурданд. Ташхис нишон дод, ки Азиза ҳомиладор шудааст. Шодии ӯро ҳадду канор набуд. Билохира, дуоҳои пайвастааш ба даргоҳи Эзид қабул гардид ва ӯро аз неъмати зиндагӣ- фарзанд бенасиб нагардонд. Азиза писар таваллуд кард ва номашро Эҳсон гузоштанд. Тифлакро эҳсони Яздон ба модаре медонистанд, ки 15 сол дар орзуи фарзанд буд.
Таснифи Насим