1. Агар мехоҳӣ роҳат бошӣ, камтар бидон ва агар мехоҳӣ хушбахт бошӣ, бештар бихон.
2. То анҷоми коре ва муваффақ шудан дар он, бо касе дар мавриди он ҳарф назан.
3. «Сукут» танҳо посухест, ки ҳеҷ гоҳ зарар надорад.
4. Насиҳат кардан фақат вақте таъсир дорад, ки танҳо бо як нафар бошӣ.
5. На он қадар кам бихӯр, ки заиф шавӣ ва на он қадар зиёд бихӯр, ки бемор шавӣ.
6. Бадтарини шакли дилтангӣ он аст, ки дар миёни мардум бошӣ ва танҳо бошӣ.
7. Шахси муҳтарам бош ва бе огоҳӣ ба хона ё ҷои кори касе нарав.
8. Виҷдони худро фиреб надеҳ, чун дурустӣ ва нодурустии корро ба ту хабар медиҳад.
9. Ифлос накун, агар ҳаваси тоза кардан надорӣ.
10. Бахшидани хатои дигарон бисёр зебост, таҷриба карданашро ба ту тавсия медиҳам.
11. Ғурури касеро нашикан, чун мисли шишаи шикаста барои ту хатарнок мешавад.
12. Дар ҷое, ки аз ту хато сар зад, бо шуҷоат эътироф кун, ки иштибоҳ кардӣ.
13. Ҳангоми сухан кардан бо дигарон, ба чашмони онҳо нигоҳ кун, то паём ва каломатро дарк кунанд.
14. Касеро, ки ба ту умед бастааст, ноумед макун.
15. То надонӣ, наметавонӣ, пас бидон.