arzon replenishment
15 кӯдак дар об ғарқ шудаанд
351

Бепарвоии волидон аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Маҳз бо сабаби беаҳамиятии падару модарон 15 нафар кӯдакони аз 1 то 4-сола дар оби рӯд ва кӯлу дарёҳои кишварамон ғарқ шудаанд.

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд.

Тавре раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, “тӯли соли 2024 дар оби дарё ва кӯлҳои кишварамон 179 нафар ғарқ шудаанд, ки аз ин шумора 144 нафарашон занону духтарон мебошанд. Мутаассифона, дар байни ғарқшудагон ноболиғон низ ҳастанд. Аз ҷумла 15 нафар кӯдакони аз 1 то 14-сола, 17 нафар кӯдакони то 10-сола дар обҳо ғарқ шудаанд, ки ин хеле ташвишовар мебошад”.

Зикр карда шуд, ки ба шумораи умумии ғарқшудагон афроди дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ бо мошин ба об афтода низ дохил мешаванд.

Тавре масъулини кумита гуфтанд, дар бештари ҳолатҳо одамон бо сабаби беэҳтиётӣ, оббозӣ кардан дар ҷойҳои мамнуъ ва риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ ғарқ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД