Пайдо шудани доғ дар либос ҳамеша нороҳаткунанда буду ҳаст, хусусан, агар шумо либосатонро нав харида бошед. Ба ҳар сурат, фавран доғи либосатонро тоза кардан мехоҳед, вале на ҳамеша муваффақ мешавед. Агар шумо пайваста бо ин мушкилӣ дучор меоед, пас, мо 14 роҳи тоза кардани доғро аз либос нишон медиҳем.
- Истифода аз собуни моеъ барои нест кардани доғ озмоиши сода, вале муассир аст. Чӯткаро дар собуни моеъ тар карда, ҷои доғро пок кунед. Агар баъди хушк шудани либос доғаш боқӣ монад, пас аз маслиҳатҳои баъдии мо истифода карда метавонед.
- Барои тоза кардани доғи мева ва шарбати он аз маҳлули глитсерин ва арақ истифода бурда метавонед. Ҳамчунин, либоси доғи мевадорро дар оби ҷӯш тар карда, бо сирко пок кардан имконпазир аст.
- Доғҳои куҳнаи либосро метавон бо воситаи шарбати лимӯи дар болои оби ҷӯш гармкардашуда пок кард. Ҳамчунин, ба шарбати лимӯ илова кардани каме арақ аз манфиат холӣ нест. Пас аз он ки либосро дар шарбати лимӯ ва арақ тар мекунед, бо маҳлули аммиак ва об онро бишӯед.
- Доғҳои тозаеро, ки аз буттамеваҳо, тамашк (малина) ва гелос дар либос боқӣ мондаанд, бо омехтаи шир ва собуни моеъ пок кардан мумкин аст.
- Доғи майи сафед (белое вино)-ро дар либоси пахтагӣ бо шири ҷӯшон тоза кардан имконпазир аст.
- Либоси доғи майи нилгун (красное вино) доштаро бошад, аз намак пур карда, баъди якчанд муддат бо обу собун бишӯед. Ҳамчунин, доғи майи нилгунро бо маҳлули 5%-и аммиак хушконида, пасон шуста метавонед.
- Доғи алаф ё доғҳои сабзро бо ёрии арақ ё спирти этилӣ равонда метавонед. Ё дар як истакон об як қошуқча намаки ошӣ рехта, доғҳои сабзи либосро бо намакоб бишӯед.
- Агар доғи ранги мӯйро дар либосатон мушоҳида кардед, пас он либосро дар маҳлули оксиди гидроген (перекис водород) ва аммиак тар карда, бо оби гарм ва собуни моеъ бишӯед.
- Ҳангоми аз арақи бадан доғдор шудани либос, ба оби либосшӯиатон каме аммиак (дар як литр об як қошуқча) илова кунед.
- Аммиак қодир аст, ки доғи қаҳва ва какаоро ба пуррагӣ пок кунад. Агар доғи қаҳваро аввал бо бензин тоза кунеду баъдан бо аммиак, он гоҳ хубтар тоза мешавад. Оксиди гидроген (перекис водород) ва намакоб низ барои пок кардани доғи қаҳва кӯмак мекунанд.
- Доғи либосеро, ки аз ҳар гуна рангҳо доғдор шудааст, бо ёрии маҳлули аммиак ва содаи нонпазӣ (барои як истакон об як қошуқча аммиак ва ду қошуқча сода) равондан имкон дорад.
- Либоси аз йод доғдор шударо дар об тар карда, баъди андаке бо крахмал тоза кунед. Ҳамчунин, чунин доғҳоро аммиак (панҷ қатра аммиак дар як истакон об) низ тоза карда метавонад.
- Доғи хунро дар либос аввал бо оби хунук ва пасон бо оби гарм бишӯед. Доғи куҳнашудаи хунро бошад, бо кӯмаки маҳлули аммиак (як қошуқ дар як истакон) равонда метавонед.
- Доғи равғани моҳиро дар либос бо воситаи сирко тоза кардан имконпазир аст.