Салом! Ман ҷавонзани 20-сола ҳастам ва тифли семоҳаи ширмак дорам. Кӯдакам ҳанӯз хеле хурд аст ва ғайр аз шири модар дигар ягон чиз намехӯрад, аммо хушдоманам маро маҷбур кард, ки рӯза бигирам. Модаршӯям мегӯяд, ки баъди баромадани чиллаи кӯдак зан бояд рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро бидорад, дар акси ҳол гунаҳкор мешавад. Ин суханони хушдоманам ягон асос доранд? Умуман, киҳо метавонанд рӯза надоранд?
С. М.
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Мутобиқи оятҳои 183-184-и сураи Бақара дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доштани ҳар марду зани муъмин фарз аст. Рӯза на танҳо фарзи динӣ, инчунин, бинои сеюми мусалмонӣ ҳисобида мешавад.
Касоне, ки барои надоштани рӯза узр доранд, иборат аз сенздаҳ гурӯҳ мебошанд. Ғайри мусулмонон, хурдсолон, девонагон, занон ҳангоми ҳайз, заноне, ки нифос мебинанд, зани ҳомила, зане, ки кӯдаки ширмак дорад, беморон, маъюбон, пирони барҷомонда, мусофирон, иштирокчиёни ҷиҳоди роҳи Худо, зери фишор. Аз ин сенздаҳ гурӯҳ, ки имтиёзи рӯза нагирифтан доранд, се гурӯҳи аввал номусулмон, кӯдакон, девонагон баъди Рамазон ҳам қарздор намешаванд ва рӯзаҳои қарзӣ ҳам намегиранд.
Аз даҳ гурӯҳи боқимонда ду гурӯҳи дигар ҳам баъди Рамазон рӯза намегиранд:
1. Маъюбоне, ки рӯза дошта наметавонанд.
2. Шахсе, ки солхӯрдаву барҷомонда аст ва тавоноии рӯза гирифтан надорад.
Ин гурӯҳҳоро зарур аст, ки фидяи савм диҳанд. Фидя иборат аз даҳ сомонӣ ё таом додани як камбизоат ё рӯзадор аст. Афроде, ки рухсати хӯрдани рӯзаро доранд, баробари тамом шудани имтиёзҳои дар ихтиёр доштаашон бояд гирифтани рӯзаро идома диҳанд.
1. Зан ҳангоми ҳайз. Зане, ки ҳайз «бенамозӣ» мебинад, баъди тамом шудани ҳайзаш бояд рӯза гирад.
2. Зане, ки нифос мебинад, баробари қатъ гардидани нифос «хунравии баъди таваллуд» агар қобилияту шароит дошта бошад, зарур аст, ки рӯза бигирад. Пас аз қатъ гаштани хуни нифос, агар мушкили шир додани кӯдак пеш ояд, зан бояд рӯза нагирифта, ба маконидани тифлакаш машғул шавад.
3. Зани ҳомила баробари тамом шудани ҳомилагӣ ва пайдо шудани шароит рӯза мегирад.
4. Зане, ки кӯдаки ширмак дорад, баъди анҷоми давраи синамаконӣ рӯза мегирад.
5. Мусалмони мариз баробари шифо ёфтан рӯза мегирад.
6. Мусофир баробари анҷом ёфтани сафараш рӯза мегирад.
7. Шахсе, ки дар ҷиҳоди роҳи Худост, баъди хотимаи он рӯза мегирад.
8. Шахсони зери фишор баробари анҷоми ҳолати маҷбурӣ бояд рӯза бигиранд.
Ислом бо замону шароит мутобиқ аст ва барои бандагони Худо фазои мусоиди руҳонӣ эҷод мекунад, то мардону бонувони мусалмон ҳам фармудаи илоҳиро ба ҷо биёранду ҳам ба саломатии худу тифлашон зиён нарасонанд. Худованд ба ҳама рӯзадорон тавфиқу инсоф ва қувват ато намояд.