125 кишвар ба World Boxing аъзо шудаанд
29.09.2025
Oila.tj
98

Шурои иҷроияи World Boxing аризаҳои узвиятро аз ҳашт федератсияи миллии дигар қабул карда, шумораи аъзои созмонро ба 125 кишвар расонидааст. Аз миёни 125 аъзо то ҳанӯз Тоҷикистон нест.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳашт узви нав дар чор қитъа ҷойгиранд - Федератсияи бокси Словения (Словения), Федератсияи миллии бокси Македонияи Шимолӣ (Македония), Федератсияи бокси Қатар (Қатар), Федератсияи бокси Либия (Либия), Федератсияи бокси Сенегал (Сенегал), Федератсияи бокси ҳаваскории Никарагуа (Никарагуа), Федератсияи бокси Кения (Кения) ва Федератсияи миллии бокси Украина (Украина).

Ҳар як федератсияи нави миллӣ раванди пуршиддати дархости узвиятро гузаштааст. Онҳо ҳамчун сохторҳои боэътимод эътироф шудаанд ва бо низомномаҳо ва тартиботи фаъолияти худ нишон додаанд, ки дорои раванди интихоботи шаффоф ва боз, мавҷудият ва татбиқи сиёсати зиддидопинги эътирофшудаи WADA, далелҳои мавҷуд будани механизмҳои мустақил ва сохторбандии ҳалли баҳсҳо ва раванди шикоят, эътирофи расмӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпӣ (КМО) ё Кумитаи варзиш ва инчунин барномаи қавии миллӣ ва байналмилалии бокс мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД