Ба 12 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва кадрҳои ҷавон, инчунин оилаҳои камбизоат калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд расман хабар додааст.
Дар маросими тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадафи он дастгирии кадрҳои ҷавон ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.
Хонаҳои истиқоматӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дорои шароити зарурӣ мебошанд.