Рақами 12 дар таърихи инсоният ва дар низоми ҳисобу тақвим мақоми махсус дорад. Сол аз 12 моҳ иборат, мучал 12 солро дар бар мегирад ва бурҷҳо низ 12-тоянд ва ҳатто соат низ дар асоси рақами 12 танзим шудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои илмиву таърихӣ китоби “Авасто” низ дар 12000 пўсти гов бо хати тило навишта шудааст. Ин тасодуф нест, балки ба ҳаракати табиат, сайёраҳо ва таҷрибаи ҳазорсолаи инсон вобастагии зич дорад.
12 моҳ дар як сол
Олимон аз қадим муайян кардаанд, ки моҳ тақрибан дар ҳар 30 – 31 рўз як даври пурра мезанад. Дар натиҷа, тақрибан 12 даври ҳаракати моҳ ба як сол рост меояд. Аз ҳамин сабаб 1 сол ба 12 моҳ тақсим карда шудааст, ки дар ҳар се моҳ як фасли сол рост меояд. Мувофиқи солшумории мелодӣ 1 сол аз 365 шабонарўз 52 ҳафта ва 12 моҳ иборат аст. Моҳҳо январ, феврал, март, апрел, май, июн, июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабр ном дорад. Ин тақсимот барои кишоварзӣ, сафар ва танзими зиндагӣ бисёр мувофиқ аст.
12 бурҷи осмон
Офтоб давоми як сол дар осмон аз як масир мегузарад, ки онро доираи бурҷҳо меноманд. Ин масир ба 12 галаситораҳои осмонӣ тақсим шуда, ҳар қисм номи як бурҷро гирифтааст. Ҳар бурҷ ба як давраи муайяни сол рост меояд. Аз ин рў, дар нуҷумшиносӣ 12 бурҷ вуҷуд дорад. Бурҷҳо аз ҳамал, савр, ҷавзо, саратон, асад, сунбула, мизон, ақраб, қавс, ҷаддӣ, далв ва ҳут иборат аст.
Мучал – даври 12 солаи вақт
Мучал аз тақвими қадимаи мардумони Шарқ, махсусан тақвими чинӣ сарчашма мегирад. Мучал аз 12 сол иборат аст ва ҳар сол номи як ҳайвонро дорад. Яке аз сабабҳои интихоб шудани адади 12 дар он аст, ки сайёраи Муштарӣ (Юпитер) тақрибан дар 12 сол як маротиба гирди Офтоб давр мезанад. Ин ҳаракат дар тақвимҳои қадим аҳамияти калон дошт. Мучал муш, бақар, паланг, харгўш, наҳанг, мор, асп, гўсфанд, замдуна, мурғ, саг ва хук ном дорад.
12 соат
Як шабонарўз аз 24 соат иборат аст, вале соат ба ду қисм тақсим мешавад. 12 соат рўз ва 12 соат шаб. Дар соатҳои рақамдор низ рақамҳо аз 1 то 12 нишон дода мешаванд. Масалан, 12-и рўз нисфи рўз ва 12-и шаб нисфи шаб ба ҳисоб меравад. Ин низом аз тақсимоти қадимаи вақт сарчашма мегирад ва барои ҳисоб кардани вақт бисёр қулай мебошад.
Ҳамин тавр, 12 моҳ, 12 бурҷ, 12 мучал ва 12 соат натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқи ҳазорсолаи инсон, мутобиқати табиат, ҳаракати ситораву сайёраҳои осмонӣ ва таҷрибаи чандсолаи инсон мебошад. Адади 12 ба сабаби қулай буданаш барои ҳисоб ва мувофиқ омаданаш ба қонунҳои табиат то имрўз аҳамияти худро нигоҳ доштааст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ