Муштзанҳои тоҷик дар 47-умин мусобиқаи байналмилалии бокс барои хотираи Дуйшонқул Шопоков дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ин мусобиқа чунин аст: Муинхуҷа Муминов (48 кг), Меҳроб Ҳамидов (51 кг), Изатулло Алиев (54 кг), Баҳриддини Зиёвуддин (57 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Файзалӣ Ғуломов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (67 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Парвиз Каримов (92 кг).
Дар мусобиқа муштзанҳоро мураббиҳо Муҳаммадҷон Сулаймонов, Хуршед Ҷӯраев ва Масрур Шобеков роҳнамоӣ мекунанд. Довари мо Меҳроҷ Умаров низ дар мусобиқа кор хоҳад кард.
Рӯзи 29-уми апрел рақобатҳои марҳилаи 1/16-ниҳоӣ, рӯзи 30-юми апрел рақобатҳои марҳилаи 1/8-ниҳоӣ, рӯзи 1-уми май рақобатҳои марҳилаи ¼-ниҳоӣ, рӯзи 2-юми май рақобатҳои марҳилаи нимниҳоӣ ва рӯзи 3-юми май рақобатҳои ниҳоӣ доир мешаванд.