Soranus
1000 хатмкунанда аз Чин дар зинаи магистратура таҳсилро оғоз мекунанд
537

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қабули довталабони чиниро дар шакли таҳсили фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратура аз аввали соли нави таҳсил оғоз менамояд. Дар ин бора Донишгоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҳамкорӣ дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин ба роҳ монда шудааст.

Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия ва тасвиб шуда, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи магистратура ба роҳ мемонад.

Мавриди тазаккур аст, ки қабули ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии Чин дар зинаи магистратура дар ихтисосҳои интихобиашон бо забонҳои русиву англисӣ дар асоси қонун таҳия ва қабул карда шуда, тибқи шартнома ба таҳсил фаро гирифта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД