toyota motors
100-сомонии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин пулҳои ҷаҳон
28.04.2026
Oila.tj
68

Пули коғазии 100-сомонӣ, ки соли гузашта ба муносибати 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ бо тарҳи нав ва такмилёфта бароварда шуд, дар озмуни байналмилалии “Пули сол” яке аз беҳтарин пулҳои ҷаҳон эътироф гардид.

Озмун аз ҷониби Ҷамъияти байналмилалии пулҳои коғазӣ баргузор гардида, дар хабаре, ки ин созмон нашр кардааст, гуфта мешавад, соли 2025 дар ҷаҳон қариб 100 пули ҷадид ба муомилот баромад, аммо 17-тои онҳо, аз ҷумла 100-сомонӣ аз беҳтарин пулҳо эътироф шуданд.

Дар рӯйи 100-сомонӣ расми Исмоили Сомонӣ ва мақбараи ӯ дар Бухоро акс ёфтааст. Дар ҷониби дигари он бинои нави парлумони Тоҷикистон тасвир шудааст. Коғази ин пул сад дар сад аз нахи пахта омода гардида, дар муқоиса бо пули 100-сомонии пешин ду унсури ҳимоявии нави муосир: риштаи ҳимоявӣ ва ҳимоят аз фолга ворид карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД