Formula september
10 роҳи оштӣ шудан бо шавҳар пас аз ҷанҷоли сахти оилавӣ
1391

Байни ҳамсарон хоҳ-нохоҳ нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои хурду бузурги оилавӣ ба миён меоянд. Гоҳ аз пушти майда-чӯйдаҳо гапашон мегурезад, гоҳи дигар аснои ҷанҷол чунон бо рафтори дағалонаю суханони талх ба дили ҳамдигар неш мезананд, ки дигар ҳатто рӯйи якдигарро дидан намехоҳанд. Дар чунин ҳолатҳо барои кинаю адоватро аз дил берун карда, дубора ба хушбахтии оилавӣ расидан чӣ бояд кард?

Ба хотири кумак ба зану шавҳароне, ки сахт ҷанг шуда, бо ҳамдигар қаҳрӣ ҳастанд, имрӯз мо маслиҳатҳои равоншиноси оилавӣ Виктор Ткачевро дар боби роҳҳои оштишавӣ манзуратон мегардонем.

1. Ҷанг шудан маънои талоқ ва ҷудоиро надорад

Моҷароҳои оилавӣ бо сабабҳои гуногун сар мезананд: мувофиқ наомадани назари ҳамсарон ба ягон масъала, ҳамдигарнофаҳмӣ, стресс, ранҷишу алами дар дил ҷамъшуда, ягон хатои аз ҷониби мард ё зан сарзада ва ғайра. Шумо метавонед бо ҳамсаратон сахт ҷанг шавед, вале ин маънои ба охир расидани ҳаёти оилавӣ ва талоқу ҷудоиро надорад. Ҷанҷоли оилавӣ ин як санҷиш аст ва шумо бояд аз он гузашта, зиндагии оилавии худро идома диҳед, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки эҳсосоти манфиро аз дилатон берун намоед. Эҳсости худро дар дил пинҳон кардан лозим нест. Аз алам гиристан хоҳед, шарм надошта, гиря кунед. Дилатон ба фиғон омада бошад, ҳар чи, ки дар дил доред, ошкоро гӯед. Аз гуфтаҳои шавҳаратон чӣ ба шумо бештар сахт расид ва шумо аз ӯ чиро интизор будед? Ҳамаи инро гуфта дилро холӣ кардан лозим аст, вале бидуни таҳқир ва дашному ҳақорат.

2. Худро ба ҷойи ҳамсаратон тасаввур кунед

Барои он ки сабаби қаҳру ғазаби ҳамсаратонро фаҳмед, шумо бояд чанд лаҳза худро ба ҷойи ӯ тасаввур намоед ва ба масъала бо чашми вай нигоҳ кунед. Ин барои фаҳмидани назари мард ва сабаби чунин рафтор карданаш зарур аст. Бо ин роҳ шумо метавонед дарк намоед, ки ҳамсаратон чи эҳсосот дорад.

3. Қадами аввалро барои оштишавӣ гузоред

Мардҳо табиатан мағрур ҳастанд ва ғурурашон имкон намедиҳад, ки хатои худро ба гардан бигиранд, бинобар ин, интизори бахшиш пурсидани мард нашуда, қадами аввалро барои оштишавӣ гузоред. Шарт нест, ки аз мард бахшиш пурсед, метавонед ягон ширинӣ ё хӯроки дӯстдоштаашро пазед ё ба ҳамсаратон сюрприз намоед. Дар ҳаққи мард ғамхорӣ зоҳир намуда, баъдан метавонед оҳиста-оҳиста сари масъалаи асосӣ оед ва фикру андешаҳои худро бигӯед. Ҳангоми сӯҳбат бо мард самимӣ бошед, оромона фаҳмонед, ки чи ҳиссиёт доред, чи бароятон писанд нест ва зиндагии оилавии худро шумо чи гуна дидан мехоҳед. Албатта мард ҳам дар дилаш аз шумо дарду алам дорад. Ба ин омода бошед ва оромона гуфтаҳояшро гӯш карда, хулоса бароред.

4. Ба гапи мард гӯш кунед

Ҳангоми суҳбат гапи мардро набуред. Ба андешаи шумо гуфтаҳояш ноҳақ бошанд ҳам, имкон диҳед, ки дилашро холӣ кунад. Кӯшиш кунед, ки эҳсосот ва чи хостани ҷуфтатонро фаҳмед. Ин барои ислоҳи хатогиҳо ва оштишавӣ бениҳоят зарур аст.

5. Таҳқир накунед

Бо мард дар сари қаҳру ғазаб не, балки дар лаҳзаҳои оромиаш суҳбат намуда, масъаларо ҳал кардан лозим аст. Ҳангоми гуфтани норозигии худ ҳар як суханатонро дар тарозуи ақл баркашида, баъд ба забон оред. Ба ҳеҷ ваҷҳ мардро таҳқир накунед, паст назанед. Оштӣ шудан хоҳед, бояд эҳтироми ҳамдигарро нигоҳ доред.

6. Зарур бошад, бахшиш пурсед

Аксаран баъди ҷанҷоли оилавӣ ҳамсаратон гуноҳро ба гардани тарафи муқобил партофта аз худ мӯсичаи бегуноҳ метарошанд, аммо дар асл ин тавр нест. Дар аксари ҳолатҳо ҳарду тараф гунаҳкоранд. Дарк кунед, ки шумо ҳам чандон моҳи бе айб нестед ва бо суханони сахту нешдор дили шавҳаратонро ҷанҷондаед, бахшиш пурсед. Бо бахшиш пурсидан қадру қимати шумо паст намешавад, баръакс қабул кардани хатои худ барои оштишавӣ кӯмак мерасонад.

7. Роҳи ҳалли масъаларо ҷӯё шавед

Барои пешгирӣ намудан моҷароҳои минбаъдаи оилавӣ бо шавҳаратон маслиҳат кунед, ки дар кадом ҳолатҳо чи гуна рафторро аз ҷуфти худ интизор ҳастед. Аз корҳое, ки ғазаби ҷуфтатонро меорад, худдорӣ намоед ва муҳити солими оилавиро ба вуҷуд биёред.

8. Созиш кунед

Аксаран моҷароҳои оилавӣ аз рӯйи ҳамидигарнофаҳмӣ сар мезананд. Дар ёд дошта бошед, ки ҳар як шахс нуқтаи назари худро дорад ва он метавонад ҳатто бо нуқтаи назари ҳамсараш мувофиқ наояд. Гузашт кардан ба ҳамдигар ва созиш намуданро ёд гиред.

9. Муҳаббат ва ғамхориро фаромӯш насозед

Сарфи назар аз он ки ҷанҷол то кадом андоза сахт буд, зан бояд муҳаббат ва ғамхории худро ба шавҳараш нишон диҳад. Бо меҳрубонӣ нисбат ба мард нишон диҳед, ки шумо ӯро дӯст медоред ва омода ҳастед, ки аз гуноҳаш гузашта, боз мисли ду кабӯтари ошиқ бо вай аҳлона умр ба сар баред.

10. Боварӣ ва эътимоди ҷуфтатонро ба даст биёред

Пас аз ҷангу ҷанҷоли сахти оилавӣ боварӣ ва эътимод нисбат ба ҳамсар аз байн рафта метавонад. Умедвор нашавед, ки мард дарҳол тамоми кинаву адоватро фаромӯш карда, мисли пештара волаю шайдои шумо мегардед. Ба ҳамсаратон вақт диҳед ва кӯшиш кунед, ки бо самимият ва меҳрубонӣ дубора эътимоди ӯро ба даст оварда, ба бовариаш дароед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД