10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Баррӯшон соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 оилаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ки бар асари офати табиӣ манзилҳои худро пурра аз даст додаанд, соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ мешаванд.
Айни замон дар маҳалли сохтмон корҳои бунёдӣ бо суръати баланд идома дошта, хонаҳои нав тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муайяншуда сохта мешаванд.
Масъулин мегӯянд, ки дар баробари бунёди манзилҳо, ба фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии сокинон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Аз ҷумла, роҳи мошингард байни хонаҳои нав мумфарш гардида, корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва тозаю озода кардани гирду атрофи иншоот идома доранд.
Ин иқдом барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида танҳо сохтмони як хона нест, балки бозгашти онҳо ба зиндагии муътадил ва фароҳам шудани имкони оғоз кардани марҳилаи нави ҳаёт дар шароити муносиб мебошад.