Тарбияи духтарон аз писарон фарқи зиёд дорад, он назокат, латофат ва назофатро металабад. Ин навбат дар бораи вижагиҳои тарбияи фарзандон мегӯем.
1. Аз синни хеле хурд ба духтар фаҳмондан лозим, ки духтар таваллуд шудан ин тавлиди нуру зебоист. Аввалин чизе, ки мо ба гӯши духтар мехонем, дарси адаб бояд бошад.
2. Чӣ гуна хӯрок хӯрдан, чӣ тарз либос пӯшидан, ороиши мӯю рӯй, сухан гуфтан, ин ҳама бояд дар мадди аввал бошанд.
3. Зеботарин духтар ҳам вақте қабеҳ мегӯяд, ин бадгуфторӣ ба ҳусни зоҳирияш хати батлон мекашад.
4. Либоси тангу кӯтоҳу ҳарире, ки бадани духтарро дар назари бинанда ҷилва медиҳад, ӯро каҷроҳа нишон медиҳад.
5. Духтар ҳатто дар назди падару бародару додар бояд духтар буданашро фаромӯш насозад.
6. Падару модар бояд аз хурдӣ духтаронро аз меҳру муҳаббати хеш сер созанд, ба онҳо суханҳои хуб гӯянд, барои кори хубашон таъриф кунанд.
7. Духтаре, ки дар оила ҳарфи хуб нашунидаасту навозиш надидааст, ба балоғат расидан замон онро аз ҷойи дигар меҷӯяд, бовар кунед.
8. Ҳунар омӯхтанро ҳар рӯз ба духтарони худ талқин кунед. Дар баробари касбу тахассусе, ки дорад, духтар бояд аз чандин ҳунари занона огаҳ бошад. Зани ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад, Худо накунаду танҳо ҳам монад.
9. Пеши бегонагон аз сухани зиёдатӣ гуфтан истиҳола карданро низ барои духтаронатон омӯзед.
10. Меҳрубонӣ бо шавҳар ва аҳли хонадони ӯро ҳамеша ба духтарони қадрас гӯшзад кардан лозим.Духтар бояд ба хонаи шавҳар бо дилу нияти пок ворид шавад, дилаш чун куртаи арӯсияш сафед, ки бошад, Худо хоҳад, роҳаш ҳам дар зиндагӣ сафед хоҳад шуд!