10 нафар кӯдакони бемори тоҷик барои табобат ба Чин фиристода шуданд. Ин кӯдакон дар шаҳри Синьцзяни вилояти мухтори Уйғури Чин аз бемории модарзодии дил ба таври ройгон табобат карда мешаванд.
Иқдоми мазкур дар доираи созишномаи байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин басташуда амалӣ гардонида шудааст.
Дар маросими гусели кӯдакон дар фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи дӯстии Тоҷикистон ва Чин сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Цзи Шумин ва хонум Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сафир изҳор дошт, ки ҷониби Чин омодаст минбаъд низ чунин иқдомҳои иҷтимоиро дастгирӣ намояд ва махсусан ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон ҳамеша дар мадди аввал қарор хоҳад дошт. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, хонум Зулфия Абдусаматзода аз рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.