Ҳазорсолаҳост, ки шоирону нависандон лаззати бӯсаҳои ошиқонаро дар ашъори худ васф карда, бӯсаи гуворои аз лаби маъшуқ рабудашударо ширинтар аз асал меноманд. Дар ҳақиқат бӯса кардан ба кас ҳаловати зиёде бахшида, натанҳо хеле ширин, балки барои саломатӣ фоидаовар низ ҳаст.
Олимони олмонӣ исбот кардаанд, ки бӯса ба ҳолати рӯҳию равонӣ ва табъи инсон таъсири мусбӣ мерасонад. Як бӯсаи кӯтоҳаки 20 сониягии субҳгоҳӣ метавонад тамоми рӯз таъби касро болида нигаҳ дошта, ба ӯ илҳом бахшад. Дар бораи манфиатҳои дигари бӯса донистан хоҳед, пас муттаваҷҷеҳ бошед.
Бӯсобӯсӣ кун, то ки химчамиён шавӣ
Олимон бар он андешаанд, ки бӯсаи ошиқона ба партофтани вазни зиёдатӣ ёрӣ мерасонад. Як бӯса оддӣ аз рухсора то панҷ калорияро месӯзонад. Ҳангоми бӯсаи боҳарорати ошиқона бошад, то 30 калория сӯхта, несту нобуд мегардад. Химчамиёну зебо шудан хоҳед, аз баҳри парҳезҳои пай дар пайи дилбазан гузашта, бештар бӯсобӯсӣ кунед!
Бӯсаи ошиқона вирусҳоро мекушад?
Шахсоне, ки зиёд бӯсобӯсӣ мекунанд, хеле кам ба духтур муроҷиат менамоянд. Гап дар сари он аст, ки ҳангоми бӯсобӯсӣ дар ҷисми инсон нейропептидҳо коркард шуда, бактерияҳои касалиовар ва вирусҳоро нобуд месозанд. Пас ҳамдигарро бӯса кунед, то асунияти баданатонро баланд бардоред.
Мӯъҷизаи адреналини бӯса
Бӯсаи гарму рпурҳарорати ошиқона дар мағзи сар ҳамон реаксияҳои кимиёвиеро ба вуҷуд меорад, ки вақти бо парашют паридан пайдо мешаванд. Дар натиҷаи бӯсобӯсӣ дар хун сатҳи адреналин баланд шуда, боиси фаъолнокии ақлонӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Бо муҳаббат якдигарро бибӯсед, то ки шавқи зиндагӣ дар дилатон биафзояд.
Бӯса-дорӯи зидди дард
Бӯсаи шахси дӯстдошта таъсири таскинбахш доштааст. Олимон исбот намудаанд, ки таъсири таскинбахшии бӯсаи ошиқона аз морфий 200 маротиба зӯртар аст. Саратон, ки дард кард, аз шавҳаратон хоҳиш кунед, ки шуморо бибӯсад.
Бӯсобӯсӣ кунед, аз ҷангу ҷанҷол халос мешавед
Ҳангоми сар задани нофаҳмӣ байни зану шавҳар воситаи беҳтарини аз суолҳои пай дар пайи мард гурехтан ва мардро «хомӯш» сохтан, бӯса мебошад. Бо ёрии бӯса аз ҷангу ҷанҷол эмин мондан мумкин аст.
Бӯсаи бардавом талоқро пешгирӣ мекунад?
Ба ақидаи равоншиносон бӯсаҳои дурудароз ва ширини зану шавҳар ба мустаҳкам шудани муносибатҳои оилавиашон мусоида намуда, талоқро пешгирӣ менамояд. 40 фисади ҷуфтҳои оилавӣ бар он ақидаанд, ки бӯсаи франсузӣ инъикоскунандаи меҳру муҳаббат мебошад.
Бӯса рағбатро меафзояд
Барои бедор шудани рағбати зану шавҳар бӯса воситаи беҳтарин мебошад. 94% бонувон аз бӯса кайфияти шаҳвонӣ мебардоранд. Рафту аз бӯса рағбататон бедор нашавад ҳам, вақтатон ҳатман хуш мшавад.
Бӯса-давои дарди дил
Бӯсобӯсӣ машқи беҳтарин барои дил ва рагҳои хунгарди дил будааст. Ҳангоми бӯсобӯсӣ набзи зан дар яка дақиқа то 150-180 зарба ва набзи мард 150-180 зарба метапад. Аз ҳамин хотир бӯса бемории дистонияи рагҳои хунгарди дил ва халалёбии гардиши хунро дар ҷисми инсон пешгирӣ менамояд.
Бӯса рӯҳафтодагиро малҳам аст
Равоншиноси амрикоӣ Эрик Берн бар он ақида аст, ки бӯса дар ҳаёти тамоми инсонҳо нақши муҳим мебозад. Ин равоншинос мегӯяд, бӯсаи шахси дӯстдошта давои беҳтарин аз стресс ва рӯҳафтодагист. Табибон бар он ақидаанд, ки шахсони бӯсобӯсиро дӯст медошта назар ба дигар одамон 12 сол зиёдтар умр мебинанд. Ҳангоми бӯса кардан агар чашмонатонро напӯшед, фоидааш бештар будааст.
Бӯси шарин дорӯи дандон
Ҷонкоҳтарин дард ин дарди дандон аст. Хоҳед, ки дандонҳоятон дард накунанд, бештар бӯсобӯсӣ кунед. Ба гуфти олимон, бӯсаи ширини ошиқона бемории кариес ва пародонтозро муолиҷа мекардааст.
Пас аз хӯрокхӯрӣ ба ҷойи дандоншӯйӣ бӯсобӯсӣ кунед, беҳтар аст, чунки бӯсаи ошиқона вораҳои дандонро маҳс карда, гардиши хунро метезонад. Ҳангоми бӯса кардан пӯст аз хун ғанӣ гашта, чандир мегардад ва чинҳои хурд ҳамвор мешаванд. Бо меҳр ҳамдигарро бибӯсед ва саломату хушбахт бошед!