Дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” ронанда бо сабаби таъмин карда натовонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ ба садама дучор шуда, бо мошини боркаш бархӯрдааст.
Маҳсуд Рауфов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”, бархурда, дар натиҷаи бардоштани ҷаҳоратҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Дар ин садама мусофирони “Мерседес-Спринтер” Раҳимов Рустам ва ноболиғ Мазбутов Амирбек сокинони шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.