formula
Мӯйсафеди маккор кампирро фиреб карду...
1144

“Кӯзапуштро фақат хоки гӯр рост мекунад” гуфтани халқ беҳуда нест, феълу хулқи баде, ки бо хун омадааст, танҳо бо ҷон мебарояд. Одами маккору бадсиришт мисли шайтон то рӯзе, ки ҳаст, ба атрфиён танҳо зиёну зарар мерасонад. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти чунин як марди шайтонсират хабар додааст, ки як пиразани 75-соларо ҳадафи тири макру фиреби худ қарор додааст.
Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур як зани 75-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, аз он шиква кардааст, ки як марди 65-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, манзили ӯро дар бонк гарав гузошта, нӯҳ ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтааст. Ин марди ҳиллагар ба соҳибхона ваъда додааст, ки дар муддати як сол пулро бар мегардонад, вале баъди ба мақсад расидан ба қавли маъруф пиразанро “кидат” карда, маблағро ба фоидаи худаш истифода бурда, то ҳол қарзро бар нагардонидааст.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД